22-07-2016

Иттилоия оид ба Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи молу маҳсулоти «Хатлон-2016»

Имрӯз, 22 июли соли 2016 дар шаҳри Кӯлоб Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи минтақавии молу маҳсулоти Хатлон-2016 баргузор гардид. Дар кори Форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вилояти Хатлон ва дигар вилоятҳо, бахши хусусӣ, ширкатҳои ватанию хориҷӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ассотсиатсияҳо ва ташкилотҳои касбӣ, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла молиявӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Кори Форум бо суханронии раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Д.Қ. оғоз гардида, дар маросими ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, Ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, намояндаи доимии Бонки рушди Олмон хонум Кристин Лаабс, муовини Вазири эҳё ва рушди деҳоти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Атиқуллоҳ Ҳавосӣ ва муовини Директори Шӯрои кор оид ба робитаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия – Севастянов А. С. суханронӣ намуданд. Сипас, директори кулли ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» - ҷаноби Ҷоу Ҷи Юен баромад карда, Шарҳи умумии потенсиали мавҷудаи вилояти Хатлон аз ҷониби муовини Раиси вилоят Раҷабов Р. пешкаши ҳозирин гардид.

Тавре дар форум қайд гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории ҳамоишҳои иқтисодӣ, аз қабили Форумҳоро мусбӣ арзёбӣ намуда, аз ҷумла қайд намудаанд, ки баргузории форумҳои сармоягузориву соҳибкорӣ барои иштирокчиёни он имкониятҳои фарохеро барои муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодиёти фароҳам меорад. Чунин форумҳо барои густариш ёфтани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни кишварҳо, минтақаҳо ва байни соҳибкорону сармоягузорон мусоидат менамоянд.

Баромадкунандагон қайд намуданд, ки бо касб намудани Истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самти муҳими сиёсати иқтисодии худро мунтазам тавассути дастгирӣ ва амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ татбиқ менамояд.

Таҳкими қонунгузорӣ дар самти рушди ислоҳотии иқтисодӣ, беҳбуди фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ислоҳотҳои назаррас ва дар ин замина таҳия ва ҳоло татбиқ гардидани қонунҳо «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи консессияҳо», «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», як қатор барномаҳо, стратегияҳо, консепсияҳо ва нақшаи чорабиниҳо аз ҷумлаи чунин тадбирҳо арзёбӣ гардид.

Қайд карда шуд, ки татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи таъмини рушди босуботи иқтисодиёт ва таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ, имкон дод, ки ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар сол аз сол афзоиш ёбад.

Аз ҷумла, тайи солҳои 2007-2015 ба ҷумҳурӣ 6 миллиарду 663 миллион доллари ИМА сармоягузории хориҷӣ ҷалб гардида, 2 миллиарду 877 миллион доллари онро сармоягузориҳои мустақим, 3 миллиарду 785 миллион доллар қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида ва 1,8 миллион долларро сармоягузории портфелӣ ташкил додааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2016 бошад, ҳаҷми сармоягузориҳои ҷалбшуда 221 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки 120 миллион доллари он сармояи мустақим мебошад.

Дар самти коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ислоҳоти назаррас гузаронида шуда, аз ҷумла, ҷиҳати ба низом даровардани раванди гирифтани иҷозатҳо, шумораи онҳо аз 605 то 79 адад коҳиш дода шуданд. Раванди дастрас намудани иҷозатҳо содда гардида, низоми электронии пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба таври пилотӣ ба роҳ монда шуд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дарназардошти саҳми соҳибкорон дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, 14 октябр ҳамчун “Рӯзи соҳибкор” эълон гардида, дар доираи ташкилию омодагии таҷлил намудани нахустин солгарди он санаи 14 октябри соли 2015 таҳти сарпарастӣ ва иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» баргузор гардид, ки дар он беш аз ду ҳазор нафар иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони зиёда аз 300 ширкату сармоягузор аз 35 мамолики олам иштирок намуда, 14 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Имсол бошад, дар ҳошияи омодагӣ ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили “Рӯзи соҳибкор” як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла мизи мудаввар вобаста ба “Муаррифии ислоҳоти таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидашуда” доир гардида, баргузор намудани Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016, Конфронси “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ”, Форуми сармоягузории “ПомирИнвест” ва дигар чорабиниҳои самти соҳибкориву сармоягузориро ба нақша гирифта шудаанд.

Қайд гардид, ки саҳми бахши хусусӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 30 фоизи соли 2000-ум то 67 фоиз дар соли 2015 зиёд гардид ва ҳоло 78 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва шуғли 65 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби бахши хусусӣ таъмин карда мешаванд.

Тавре қайд гардид, дар баробари дастовардҳо ислоҳот дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва пешбурди соҳибкорӣ, аз ҷумла бо дарназардошти вазъи кунунии буҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ ва дар мамлакатҳои ҳамшарики стратегиву тиҷоратии Тоҷикистон идома дошта, дар ин радиф, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ ва рушди бемайлони бахши хусусӣ дар самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат диққати асосӣ дода мешавад.

Дар форум филми мустанад оид ба потенсиали иқтисодии вилояти Хатлон намоиш дода шуд.

Сипас, баргузории кори форум дар се бахш сурат гирифт.

Кори бахши 1 таҳти унвони “Имкониятҳои фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ. Коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо истифодаи технологияи муосир”, ки бо роҳбарии муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Нигина Анварӣ доир гардид, ба мавзуъҳои имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва тавсеаи содирот, бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии сифат дар корхонаҳои саноатӣ, имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди соҳаи саноат, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ ва муосиргардонии хизматрасониҳои логистикӣ ва рушди минбаъдаи занҷираи арзиши иловашуда дар бахши кишоварзӣ бахшида шуд.

Вобаста ба он Нозанинзода Н. - муовини якуми Вазири кишоварзӣ, Рӯзизода А.- муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав, Рейнхард Тренкли - Муовини директори Барномаи «Дастгирии молиявӣ ва таъмини заминаҳои мусоид барои рушди бахши хусусӣ»-и Оҷонсии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ инчунин, Севастянов А.С. - муовини Директори Шӯрои корӣ оид ба робитаҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, П. Акрамов - Роҳбари Лоиҳаи «Мусоидат ба савдо»-и Барномаи рушди СММ, Тайфуров С.- муовини Роҳбари маъмурияти МОИ «Данғара» ва Мирзоев И.- Роҳбари ҶДММ “Ваҳдат”-и ноҳияи Ёвон баромад ва суханронӣ намуданд.

Дар бахши 2 “Иқтидори энергетикӣ ва рушди соҳаи сохтмон дар вилояти Хатлон”, ки таҳти сарпарастии муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Муминзод А.М. доир гардид, нахуст ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ имкониятҳои истеҳсоли неруи энергетикӣ дар вилояти Хатлон муаррифӣ карда шуда, сипас иштироккунандагон, аз ҷумла Аслзода Э. М. - муовини Вазири энергетика ва захираҳои об, Раҷабов М. - сардори Раёсати сохтмони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Давидов Д.С. – Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон, Усмонзода И. - директори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва Шевин А.С. – муовини Директори генералии ҶДММ “Сангтуда-1”атрофи масъалаҳои сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтидорҳои фаъолияткунандаи энергетикӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар инфрасохтори энергетикӣ ва рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ, нархгузорӣ дар сохтмон баромад ва мулоҳизаронӣ намуданд.

Мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон дар бахши 3-юм”Имкониятҳои рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ. Мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ” муаррифӣ гардида, дар он инчунин масъалаҳои истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ, рушди бахши сайёҳӣ дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт.Дар кори ин бахш Бобоев Б. – мудири шуъбаи Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Асозода Ҳ. - Директори Осорхонаи Мир Сайид Алии Ҳамдонӣ, Дэвид Вездени - намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, коршиноси байналмилалӣ оид ба рушди бахши туризм ва Одинаев Д. – мушовири иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ суханронӣ намуданд.

Дар форум маросими баимзорасонии созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкорӣ, супоридани сертификатҳои субъекти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷоизасупории ғолибони озмуни маҳсулоти беҳтарин доир гардид.

Пас аз баррасии масъалаҳо дар бахшҳои асосӣ вохӯриҳои дуҷониба дар формати B2B байни сармоягузорону соҳибкорн баргузор гардида, дар анҷоми кори Форум Изҳороти Форум қабул карда шуд.

Дар доираи Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи молу маҳсулоти «Хатлон-2016» меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинии мазкур аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳри Кӯлоб, Осорхонаи 2700 солагии шаҳри Кулоб боздид намуда, Мақбараи яке аз шахсиятҳои барҷастаи аҳли ирфони олами шарқ М.А.Ҳамадониро зиёрат карданд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефони 44 610-60-04 ё нишонии электронии secretariat@investmentcouncil.tj муроҷиат намуда, ба сомонаи мо ташриф оред: www.investmentcouncil.tj

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид