3 Августа 2016

Консепсияи баргузории Конфронс дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ”

Ба истиқболи 25-умин

солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конфронс

дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ”

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе,

МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»

5 августи соли 2016

КОНСЕПСИЯИ

баргузории Конфронс

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

кУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ тОҶИКИСТОН

кОТИБОТИ ШӮРОИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ тОҶИКИСТОН ОИД БА БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

Сарсухан

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол 25-умин солгарди он дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, дар таърихи мамлакат рӯйдоди беназир ба ҳисоб рафта, дар замони соҳибистиқлолӣ, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ислоҳоти куллӣ гузаронида шуданд, ки натиҷаҳои назаррас дода истодааст.

Аз ҷумла, бо гузаронидани ислоҳоти қонунгузорӣ дар бахши сармоягузориву соҳибкорӣ заминаи ҳуқуқии соҳа мукаммал гардида, рушди инфрасохтори соҳа низ ташаккул ёфт.

Дар ин робита мақоми алоҳида оид ба амалисозии сиёсати соҳибкориву сармоягузорӣ дар симои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъсис дода шуд.

Инчунин, Шӯрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шуд, ки ҳадаф аз он таъмини рушди иқтисодии мамлакат тавассути муколамаи давлат ва бахши хусусӣ буда, дар раванди татбиқи ислоҳот нақши муҳим дорад.

Бо ташаббуси Пешвои миллат, татбиқи чандин лоиҳаҳои дорои аҳамияти миллӣ ва як қатор лоиҳаҳои минтақавӣ ба монанди хати интиқоли барқи CASA-1000, роҳҳои оҳани минтақавӣ, сохтмони лулаи байнидавлатии интиқоли газ, шабакаи роҳҳои минтақавии автомобилӣ ва дигар самтҳо оғоз гардид, ки симои сармоягузории мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ ба куллӣ тағйир дод.

Дар натиҷаи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар ва Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ, ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба хоҷагии халқ, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ равона шудаанд, сол аз сол афзоиш ёфта, корхонаҳои азими саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр ҳамчун “Рӯзи соҳибкорон” эълон гардида, баргузор намудани мулоқоти Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон ба ҳукми анъана даромад.

Бо мақсади муаррифии имкониятҳои сармоягузориву соҳибкории Тоҷикистон ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, дар доираи сафарҳои Президенти мамлакат ба хориҷи кишвар ва дар ҳамкорӣ бо бахши хусусиву шарикони рушд ҳамоишҳои доираҳои соҳибкории Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ мунтазам гузаронида мешаванд.

Қобили тазаккур аст, ки ислоҳоти гузаронидашуда имконият дод, ки саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ аз 30 фоизи соли 2000-ум то 67 фоиз дар соли 2015 зиёд гардида, 78 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва 65 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби бахши хусусӣ бо шуғл таъмин карда шаванд.

Рушди иқтисодӣ дар доираи 7 фоизи солона таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 2000-ум то 32 фоиз дар соли 2015 коҳиш дода шуд.

Мавқеи байналмилалии ҷумуҳурӣ устувор гардида, тибқи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистон се маротиба (солҳои 2010, 2011 ва 2015) ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил шуда, аз рӯи натиҷаҳои ҳисоботи мазкур барои соли 2016, мавқеи ҷумҳурӣ якбора 34 зина боло баромад (аз ҷои 166 ба ҷои 132).

Бешубҳа, натиҷаҳои дар самти фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ бадастомада ба сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зич алоқаманд буда, Конфронси мазкур бо мақсади муаррифии фарогири онҳо гузаронида мешавад.

Мавзӯъҳои асосии Конфронс

• Ислоҳот вобаста ба беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.

• Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - асосгузори ташаккули шаклҳои муколама бо соҳибкорону сармоягузорон.

• Муаррифӣ намудани имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Асосҳои илмии паҳлуҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Фарҳанги соҳибкорӣ: саҳми бахши хусусӣ дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, такмили донишу малакаи соҳибкорон.

• Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии соҳибкорон.

• Тарғибу ташвиқи истеҳсоли васеи маҳсулоти ватанӣ ва таъмини бозор бо онҳо.

Тартиби баргузории Конфронс

Конфронс дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ” ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар Конфронс намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухани ифтитоҳӣ намуда, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, олимону коршиносон ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодшуда баромад мекунанд.

Ба Конфронс доираи васеи соҳибкорон, сармоягузорон ва ходимони маъруфи давлатию ҷамъиятӣ даъват карда мешаванд.

Иштирокчиёни Конфронс (400 нафар)

• Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

• Вазорату идораҳо

• Бахши хусусии ватаниву хориҷӣ

• Бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ

• Ассосиатсияҳо ва созмонҳои соҳибкорӣ

• Созмонҳои байналмилалӣ - шарикони рушд

• Олимону коршиносон

• Пажуҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ

• Ректорон ва донишҷуёни фаъоли донишгоҳу донишкадаҳои самти иқтисодӣ

• ВАО

Барномаи

Конфронс дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ”

МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»

5 августи соли 2016

Вақт

Чорабиниҳо

08:30 - 09:30

Бақайдгирии иштирокчиёни Конфронс дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”

Намоиши филми мустанад

09:30 - 09:40

Пазироии иштирокчиён, сухани ифтитоҳӣ, модератори чорабинӣ.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Муҳтарам Қодири Қосим

09:40 - 09:55

Сухани ифтитоҳии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Муҳтарам Давлаталӣ Саид

10:00 - 10:15

Суханронии Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шариф Раҳимзода

10:15 - 10:30

Суханронии директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Лутфулло Саидмуродов

10:30 - 10:40

Суханронии намояндаи бахши хусусӣ, директори ҶДММ «СитабрАгро»,

Одинаев Мирҷон

10:40 - 10:55

Маърӯза: Дастгирии молиявии фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон

Баромадкунанда: Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

10:55 - 11:10

Маърӯза: Имтиёзҳо ва ҳавасмандкуниҳои андозӣ барои соҳибкорону сармоягузорон

Баромадкунанда: Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Нусратулло Давлатзода

11:10 - 11:20

Баромади намояндаи сармоягузори хориҷӣ,

Директори кулли Ширкати «ТК Ойл», корхонаи коркарди нафт дар МОИ «Данғара»,

Сяо Юншэн

11:20 - 11:35

Муовини Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муминова Фарида

11:35 - 11:50

Маърӯза: Мулоқотҳо ва муколамаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон

Баромадкунанда: Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуғаффорзода

11:50 - 12:30

Саволу ҷавоб ва ибрози андеша

Тавсияҳои Конфронс

Маросими хотимавии Конфронс

Баромадкунанда: Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қодири Қосим

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид