08-08-2016

Ба танзим даровардани пешпардохти маблағи андозҳо

Тавре маълум аст, дар доираи амалисозии ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурии мо мунтазам тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

Яке аз масъалаҳое муҳим дар раванди амалисозии фаъолияти соҳибкорӣ ин масъалҳои вобаста ба андозбандӣ ва андозситонӣ ба ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади таъмини иҷрои муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолатҳои пешгирии аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор беасос пешпардохт гардидани маблағи андозҳо, халалдор насохтани фаъолияти андозсупорандагон, инчунин дар доираи таъмини иҷрои Матритсаи чорабиниҳои сиёсати Бонки Осиёгии Рушд, мутобиқ ба талаботи моддаи 89 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 16 Низомномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012 №456 тасдиқ шудааст, Фармоиши Раиси Кумитаи андоз «Оиди ба танзим даровардани маблағи изофапулиҳои андозӣ» ба имзо расонида шуд.

Тибқи банди якуми фармоиш Мақомоти ҳудудии андоз вазифадор карда шудаанд, ки ба истиснои ҳолатҳои дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда вобаста ба моддаи 59 доир ба андози тибқи низоми соддакардашуда, моддаи 157 доир ба пардохтҳои ҷории андози фоида ва моддаи 183 доир ба андоз аз арзиши иловашудаи баҳисобгирифташаванда ҳангоми воридоти мол ба қаламрави ҷумҳурӣ, аз андозсупорандагон ба таври пешпардохт гирифтани маблағи андозҳо роҳ надиҳанд.

Тазаккур бояд дод, ки тибқи фармоиш ҳангоми риояи нагардидани талаботи банди якуми фармоиши мазкур ва ошкор гардидани ҳолатҳои аз ҷониби мақомоти ҳудудии андоз бар хилофи талаботи қонунгузории андоз аз андозсупорандагон беасос ба таври пешпардохт гирифтани маблағи андозҳо, нисбат ба кормандони мақомоти ҳудудии андоз, ки ба чунин қоидавайрокуниҳо роҳ додаанд, чораҳои қатъии интизомӣ андешида мешавад.

Маълумоти муфассалро оид ба Фармоиши мазкур хоҳишмандон метавонанд аз сомонаи расмии Кумитаи андоз (www.andoz.tj) дастрас намоянд.


Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид