05-09-2016

Cозишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид

Санаи 3 сентябри соли 2016 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи ҶСК «Азот» доир гардид.

Созишномаро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва раиси Шурои ширкати «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Сонг Вей ба имзо расониданд.

Ёдовар бояд шуд, ки моҳи ноябри соли 2014 дар доираи сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой байни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин кишвар оид ба сармоягузории бахши кишоварзӣ ва саноат ба маблағи 800,0 млн. доллари амрикоӣ, Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст.

Дар робита ба ин, роҳбарияти вилояти Хэнани Ҷумҳурии Халқии Хитой баҳри татбиқи Ёддошти болозикр ва сармоягузорӣ дар давлатҳои аъзои шабакаи “Як камарбанд – як Шоҳроҳ” (Один Пояс – Один Путь) ҶДММ «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ»-ро ҳамчун намоянда аз бахши хусусӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ваколатдор кардааст.

Ширкати мазкур тасмим гирифтааст, ки корхонаҳои нуриҳои минералӣ (аммиак ва карбамит)-ро дар заминаи ҶСК «Азот»-и шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон бунёд намояд.

Маълумоти мухтасар: ҶСП КМ «Тоҷик Азот» (Заводи нуриҳои азотии Вахш) воқеъ дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, дар кишвар - ягона корхона оид ба истеҳсоли нуриҳои минералї барои соњаи кишоварзӣ ба њисоб рафта, он соли 1964 бунёд ва соли 1972 таҷдид карда шудааст. Масоҳати умумии он 121 гектарро ташкил медиҳад. Ашёи хоми асосӣ - гази табиӣ ба њисоб рафта, иќтидори истењсоли аммиак 123,6 њаз. тонна / сол ва карбамид 180,000 тонна / солро ташкил медод.

Соњаи кишоварзии љумњурї њамасола ба бештар аз 200 њаз. тонна нуриҳои минералӣ ниёз дорад.

Таљдиди минбаъдаи корхона ду марњиларо дар бар мегирад.

Марҳилаи якум – бунёди корхонаҳои истеҳсоли аммиак бо иқтидори 120 ҳазор тонн ва карбамид бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар як сол (дар зарфи 1,5 сол бунёд карда мешавад).

Марҳилаи дуюм – васеъкунии иқтидори истеҳсолии корхонаҳои аммиак то 300 ҳазор тонн ва карбамид то 500 ҳазор тонна дар як сол (дар зарфи 3 сол бояд бунёд карда шавад).

Бояд гуфт, ки барои татбиқи лоиҳа ҶДММ «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ» сармояи мустақимро дар ҳаҷми 360 млн. доллари ИМА-ро ҷалб карда, баъд аз ба истифода додани корхона зиёда аз 1000 ҷойи нави корӣ ташкил хоҳад гашт. Муҳлати амали Созишномаи мазкур 10 солро дар бар мегирад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур ба истеҳсоли маҳсулоти воридивазкунанда, бунёди инфрасохтори замонавӣ, воридоти техника ва технологияи муосир, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, воридоти маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид