07-09-2016

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ

 6 сентябр соли 2016 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қодири Қосим оид ба таъриху давлатдори тоҷикон, роҳи тайкардаи миллат, таърихи 25-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳи пойдору ваҳдати ногусастании мардуми Тоҷикистон, пешрафти бемайлони иқтисодиёти кишвар дар назди ҳозирин муфассал сухан ронд.

Мухтасари баромади Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳатарм Қодири Қосим дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатӣ:

…Бисту панҷ сол қабл миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас - истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мову шумо ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини худро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.

…Татбиқи тадбирҳо ва барномаҳои соҳавӣ имкон дод, ки шумораи корхонаҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир зиёд гардида, ҳаҷми воқеии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар даҳ соли охир 1,6 баробар афзоиш ёбад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст.

Дар 15 соли охир дар соҳаи кишоварзӣ 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад.

Бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз пештар ба истифода додани роҳи оҳани Душанбе - Қӯрғонтеппа (қисмати Ваҳдат – Ёвон) барои таъминиробитаи пойтахти мамлакат бо яке аз вилоятҳои калонтарини кишвар – вилояти Хатлон мусоидат намуд.

Имсол корҳои сохтмону таҷдиди боз якчанд иншооти нақлиётии муҳим, аз қабили азнавсозии қисми роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Турсунзода (аз муҷассамаи Ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳр) ба маблағи 480 миллион сомонӣ ва Исфара - Хуҷанд ба маблағи зиёда аз 310 миллион сомонӣ оғоз мегардад.

Танҳо дар амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт айни ҳол зиёда аз 3000 нафар кор мекунанд. Дар давоми соли 2015 дар маҷмӯъ, қариб 510 километр роҳ таъмиру таҷдид ва 140 пул сохта ва барқарор карда шудааст.

Илова бар ин, ба маблағи беш аз 70 миллион сомонӣ таъмиру таҷдиди роҳҳои байни шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот ба масофаи 324 километр ба анҷом расида, ғайр аз ин, аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президенти мамлакат дар 21 шаҳру ноҳияи кишвар 81 километр роҳҳои байнишаҳрӣ ба маблағи 90 миллион сомонӣ азнавсозиву таъмир шудаанд.

Ҳоло бо мақсади беҳтар кардани таъминоти аҳолии чандин шаҳру ноҳияи мамлакат бо оби тозаи нӯшокӣ 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии қариб 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Мувофиқи пешгӯии мутахассисон дар қаъри замини Тоҷикистон зиёда аз се триллион метри мукааб газ мавҷуд аст, ки ҷиҳати иктишофу истихроҷи он Ҳукумати мамлакат ҳоло ба чандин ширкатҳоии ватанию хориҷӣ иҷозатнома додааст.

Тоҷикистон аз рӯи захираҳои ангишт, ки онҳо зиёда аз 4 миллиард тоннаро ташкил медиҳанд, дар миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Ин захираи азимро метавон барои рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ истифода бурд.

…Таърих алломаю нобиѓа ва родмардонеро медонад, ки ба миллату халқашон хизмати арзанда, дар мушкилию тангдастӣ пуштибонию раҳнамоӣ кардаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз аз шумули онҳост. Иқрор бояд шуд, ки бидуни пуштибонию раҳнамоии эшон арзи ҳастӣ намудани истиқлолияту ваҳдат дар Тоҷикистон амри маҳол буд.

Аз ин лиҳоз, вазъи кунунии сиёсӣ далолат бар он дорад, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем, дар атрофии роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ зичтар муттаҳид гардида, нозукиҳои мушкилоти сунъиро эҳсос намуда, бо дарқи амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохта, дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузорем, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем.

Дар охири ҷамъомад як қатор кормандони Кумита ва масъулон ва ниҳодҳое, ки дар пешбурди масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, таҳкими майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ саҳми арзанда доранд, аз ҷумла Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нуъмон Абдуѓаффорзода бо ифтихорномаҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.

Маълумоти мухтасар: Шӯрои машваратӣ майдони муколамаи озоди байни давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи олӣ буда, таҳти сарварии Раиси Шӯро, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2007 то имруз 16 ҷаласаҳои Шӯро гузаронида ва як қатор ислоҳоти муҳим гузаронида шудааст. Тибқи арзёбиҳо соли 2015 Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 10 нишондиҳандаи муайяншуда ба 9 нишондод ноил гардида, ҳамчун беҳтарин майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва бо ҷоизаи «Ховард»-и Бонки Ҷаҳонӣ ва Конфедератсияи Дания оид ба саноат сарфароз гардонида шудааст.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефони 44 610-60-04 ё нишонии электронии secretariat@investmentcouncil.tj муроҷиат намуда, ба сомонаи мо ташриф оред: www.investmentcouncil.tj.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид