15-10-2016

Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ - имконияти нави сармоягузорӣ ба Тоҷикистон»

Дар доираи таҷлили дуюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон» 14 октябр дар пойтахти мамлакат Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ - имконияти нави сармоягузорӣ ба Тоҷикистон» баргузор гардид.

Форуми ҳарсолаи байналмилалии соҳибкорӣ таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва баргузор карда шуда, шакли муҳимтарини муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ, чорабинии калони соҳибкорию сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Форум мақомоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони баландпояи ҳукуматҳои кишварҳои ҳамшарик, коршиносон, роҳбарон, намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавии бахши соҳибкорию сармоягузорӣ иштирок намуданд.
Ҳадафи Форум аз муаррифӣ ва баррасии имкониятҳои нави сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ислоҳоти охири дар бахши қонунгузорӣ гузаронидашуда, афзун намудани коркарди ашёи хоми ватанӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, таҳкими равандҳои сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, арзёбии назар ва мулоҳизаҳои сармоягузорон вобаста ба иқтидори сармоягузорӣ ва ҷолибияти кишвар барои сармоягузории истеҳсолот дар шароити буҳронӣ иборат буд.


Маросими ифтитоҳи расмии Форум бо баромади Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қоҳир Расулзода шуруъ гардида, бо пазироӣ аз иштирокчиёни форум аз ҷумла қайд кард, ки кишвари мо бо тамоми давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкориҳои худро дар асоси эҳтиром ва ҳусни ҳамҷиворӣ ба роҳ монда, дар ҳама самтҳо барои ба сатҳи сифатан баланд бардоштани чунин ҳамкориҳо, аз ҷумла иқтисодиёт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.


Тавре қайд шуд, истеҳсолоти миллӣ, ки мавзуи форум ба рушд ва имкониятҳои нави сармоягузорӣ ба истеҳсолоти миллӣ бахшида шудааст, яке аз бахшҳои калидии иқтисодиёт ба ҳисоб рафта, ба таъмини бозори истеъмолӣ бо молҳои ватанӣ, рушди содирот, тақвият ёфтани тавозуни пардохтва устувории қурби пули миллӣ, баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар баромад оид ба дастовардҳои иқтисодӣ сухан ронда шуда, ҳамзамон зарурати ҳалли масъалаҳои минбаъда, аз қабили боз ҳам соддатар намудани расмиёти маъмурии танзими тиҷорати беруна барои содироти маҳсулоти ватанӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи корхонаҳои ватанӣ, сармоягузорон дар самти фурўши маҳсулот ва давраҳои буҳронӣ, пардохтҳои бонуси обунавӣ, дастгирии молиявӣ, таъмини имтиёзҳои андозиву гумрукии ҳунармандон ва ғайра таъкид гардид.

Инчунин меҳмонони воломақом, намояндагони созмону сармоягузорони сатҳи баланд, аз ҷумла Шоҳзодаи Арабистони Саудӣ, олиҷаноб Абдулазиз бин Файсал бин Абдулмаҷид бин Абдулазиз Оли Сауд, директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Маккейн Нейл, роҳбари минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба телекоммуникатсия, ҷаноби Раҷендра Синх, Президенти ширкати “Глинкор Интернешнел” ҷаноби Айван Глазенберг, Президенти ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой ҷаноби Ҷианг Ронг Ҳуанг, ноиби калони Президенти ширкати ҳавопаймоии “Қатарэявейс” ҷаноби Алӣ Ал Раис, ноиби Президенти ширкати “Аэробус” ҷаноби Ален Кейт бо сухани ифтитоҳӣ баромад карданд.

Кори Форум дар шаш бахши пленарӣ гузаронида шуд.

Дар панели 1-ум «Сиёсати иқтисодии ба сармоягузории асосёфта. Имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба Стратегияи миллии рушд то соли 2030, саҳми бахши хусусӣ барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегӣ, имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) барои рушди истеҳсолот, дурнамои рушди МОИ ва дигар мавзуъҳои марбут ба бахши мазкур баррасӣ гардид.


Панели дуюм “Воридотивазкунӣ - имконияти нави соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон”масъалаҳои сиёсат ва имкониятҳои воридотивазкунӣ, заминаи қонунгузории соҳа, густариши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда, пайдо намудани бозорҳои нав барои содироти маҳсулоти ватанӣ, имтиёзҳои мавҷуда барои истеҳсоли махсулоти ватанӣ, сармоягузорӣ барои тақвияти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва дигар мавзуъҳоро фаро гирфт.
Панели 3-юм «Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ - заминаи рушди истеҳсолоти миллӣ» ба масъалаҳои татбиқи афзалиятҳои стратегии Тоҷикистон, ислоҳоти бозорӣ дар бахши энергетика, дурнамои сиёсати тарифию танзимӣ, рушди хизматрасониҳои энергетикӣ, роҳҳои баланд бардоштани таъминоти бахши хусусӣ бо неруи энергетикӣ, тиҷоратикунонии бахши таъмини гармӣ ва инноватсияи соҳаи энергетика бахшида шуд.


Иштирокчиён дар панели чорум “Тақвияти имкониятҳои инфрасохторӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон” масъалаҳои сармоягузорӣ дар инфрасохтори соҳаи нақлиёту логистика, сиёсати рушди шабакаҳои логистикии тиҷорати минтақавӣ ва нақлиётӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои бисёрҷанбаи логистикӣ, баланд бардоштани иқтидори транзитии Тоҷикистон, муосирнамоӣ ва рушди инфрасохтори наздисарҳадӣ ҳамчун омили калидии рушди тиҷорат, имкониятҳои истифодаи васеи нақлиёти заминӣ дар рушди тиҷорат, дастрасӣ ба бандарҳои обӣ ва ғайраро баррасӣ намуданд.


Дар панели 5-ум “Бартариятҳои Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ” масъалаҳои ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, имкониятҳои васеи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, паст кардани арзиши аслӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва содироти маҳсулоти соҳа, густариши тиҷорати аграрӣ баррасӣ гардид.
Панели 6-ум дар мавзуи “Тоҷикистон - кишвари сайёҳӣ, имкониятҳои рушд” масъалаҳои такмили заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори соҳа, ҳамчун омили муҳими истифодаи босамари захира ва имкониятҳои сайёҳиро фаро гирифта, мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дар мисоли Канаски Ромит ва Сағирдашти Дарвоз муаррифӣ гардид.
Дар бахшҳои корӣ пас аз баромадҳо миёни иштирокчиёни форум саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.


Дар Форум таваҷҷуҳи асосӣ ва вақти бештар ба мулоқот ва суҳбатҳои мустақими байни сармоягузорону соҳибкорон дода шуда, мулоқотҳои дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорон дар формати В2В (Business-to-Business (B2B) ва вазорату идораҳо бо соҳибкорону сармоягузорон (Business-to-Government (B2G) ташкил дода шуд.

Дар доираи Форум як қатор ёддоштҳои тафоҳум ва созишномаҳо ба имзо расонида шуда, Изҳороти Форум қабул карда шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид