21-11-2016

Start-up «Чойхона»- майдони пешбурди лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон

18 ноябри соли ҷорӣ маркази Start-up «Чойхона» ба фаъолияти худ оғоз намуд. Ин иқдом бо ташаббуси муштараки доираи соҳибкорон ва шарикони бахши хусусӣ амалӣ гардидааст.

Ҳадаф аз ташкили чунин марказ ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, афзоиши фарогирии ҷавонон бо шуғл тавассути дастгирии идеяҳо, лоиҳаҳо ва фаъолияти соҳибкорӣ ва инноватсионии ҷавонон мебошад.

Дар чорабинӣ Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нумон Абдуғаффорзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Аз ҷумла ў оид ба аҳамияти ислоҳоти дар ҷумҳурӣ гузаронидашуда дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории ҷавонон ибрози назар намуд. Дар ин робита нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти ислоҳотҳои ба дастовардашуда, махсусан дар доираи фаъолияти Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки роҳбарии онро Сарвари давлат амалӣ менамоянд, таъкид гардид.

Нуъмон Абдуғаффорзода қайд намуд, ки дар баробари натиҷаҳои ба дастомада, дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ оид ба фаъолияти соҳибкорӣ дар байни ҷавонон як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, бо дастгирии шарикони рушд, дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Бонки ҷаҳонӣ омӯзиши ҷавонон оид ба раванди ташкил ва фаъолияти соҳибкорӣ баргузор гардид, ки намояндагони тамоми минтақаҳои кишварро фаро гирифт.Омўзиши мазкур дар се давра гузаронида шуд.

Нуъмон Абдуғаффорзода изҳори итминон намуд, ки маркази Start-up «Чойхона» ҳамчун платформаи муҳим барои пешбурди лоиҳаҳои соҳибкории ҷавонон, махсусан барои ҷавононе, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ оғоз мекунанд, инчунин ба рушди бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард. Дар охири баромади худ Нуъмон Абдуғаффорзода барои таъсиси маркази Start-up «Чойхона», ташкилкунандагон ва иштирокчиёни чорабинӣ изҳори сипос ва дар кору фаъолияти минбаъдаи онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ як қатор лоиҳаҳо ва идеяҳои бизнес-тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ барои дарёфти сармояҳо муаррифӣ карда шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид