10-11-2016

Дастрасии занони соҳибкор ба маблағҳо дар Бонки миллӣ

10-уми ноябри соли 2016 дар Бонки миллии Тоҷикистон дар мавзуи: «Нақши бонкҳо дар беҳтар намудани маблағгузории занони соҳибкор» мизи мудаввар баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ доираи васеи соҳибкорон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва намояндагони масъули самти рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Иштироккунандагони чорабинӣ оид ба таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеи занон дар ҷомеа, ҳамчунин занони соҳибкор, фароҳам будани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, фаъолияти соҳибкории занон, саҳми занони соҳибкор дар рушди иқтисодиёти кишвар ва муаррифии ҷумҳурии мо дар арсаи байнамилалӣ, бахусус тавассути эҷодкориҳои ҳунарҳои мардумӣ, таҷрибаи фаъолияти занони соҳибкор дар кишварҳои дигар ибрози назар карданд.

Дар баробари дастовардҳо баромадкунандагон оид ба як қатор мушкилот, бахусус дастрасии занони соҳибкор ба маблағҳо, шароити душвори низоми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ, зарурати андешидани тадбирҳо ҷиҳати бартараф кардани монеаҳо дар самтҳои мазкур мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Иштироккунандагон ба Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону», ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти масъули рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ чорабинии мазкурро ташкил намудаанд, миннатдорӣ баён карданд.Изҳори итминон карда шуд, ки чунин чорабиниҳо барои ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба фаъолияти занони соҳибкор мусоидат хоҳад кард.

Қобили қайд аст, ки дар ҷумҳурии мо ҷиҳати рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди махсус, Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ фаъолият намуда, дар доираи таҳким бахшидани муколамаи давлат ва бахши хусусӣ мунтазам чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешавад.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид