31-10-2016

НАТИҶАҲОИ НУҲМОҲА

Тибқи хулосаи ҷаласаи васеи ҳайати мушовораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 01.10.2016с. бо назардошти ба анҷом расидани татбиқи бархе аз лоиҳаҳо ва оғоз ёфтани лоиҳаҳои нав аз 70 адад (30 лоиҳаи грантӣ, 18 лоиҳаи қарзӣ ва 22 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии он 22,1 млрд. сомонӣ (2,8 млрд. доллари ИМА) -ро ташкил дода, аз он 9,8 млрд. сомонӣ (1,24 млрд. доллари ИМА) маблағҳои грантӣ мебошанд.

Дар маҷмӯъ, дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ (лоиҳаҳои амалкунанда ва анҷомёфта) дар нуҳ моҳи соли 2016-ум (ба 01.10.2016с.) 333,4 млн. доллари ИМА азхуд карда шудааст, ки ин ба 63%-и нақшаи умумии солона ё ин, ки 79%-и нақшаи нуҳмоҳаи соли 2016 баробар мебошад.

Мавриди зикр аст, ки туфайли корбарии якҷояи Кумита бо дигар вазорату идораҳои марбутаи кишвар дар 9 моҳи соли 2016 (ба ҳолати 1-уми октябр) ҷиҳати амалисозии 10 лоиҳаи афзалиятноки кишвар бо Шарикони рушд 14 созишномаи нав ба маблағи умумии 133,0 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд, ки 39,7 млн. доллари ИМА ё 30 фоизи онро маблағҳои грантӣ ва 93,3 млн. доллари ИМА ё 70 фоизи онро қарзҳои имтиёзнок ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли 2016, 456,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, аз он 220,9 млн.доллари ИМА сармоягузории мустақим ва 235,4 млн.доллари ИМА дигар намуди сармоягузориҳо ташкил медиҳад.

Айни замон дар доираи шаш созишномаи сармоягузорӣ ва шартномаи консессияи имзошуда дар маҷмӯъ 12 корхона сохта ба истифода дода мешавад, бо маблағибеш аз 1,5 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақим ворид гардида, 5000 ҷойи кории нав муҳаё карда мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи созишномаи сармоягузорї бо ширкати «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи ҶСК «Азот» таҳия намуда, баъди розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 сентябри соли 2016 аз ҷониби Раиси Кумита ва раиси Шурои ширкати «Хэнан Чжун-Я Гуруҳи Холдингӣ»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой имзо расонида шуд.

Дар миқёси ҷумҳурӣ аз 1 январи то 1 сентябри соли 2016, 1046 адад шахси ҳуқуқӣ таъсис ёфтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015, 104 адад ва/ё 9 фоиз кам мебошад. Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 28360 адад соҳибкори инфиродӣ таъсис ёфтааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2015, 16203 адад ва/ё 36,4% кам мебошад.

Бо мақсади муайян намудани мушкилотҳои мавҷуда, ки дар чунин шароити номусоиди буҳрони молиявӣ раванди соҳибкориро дар кишвар душвор менамоянд, бо ҷалби роҳбарони Кумитаи андоз, хадамотҳои гумрук ва зиддиинҳисорӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ якҷоя таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи кории ҳукуматӣ таъсис дода, вохуриҳо бо соҳибкорон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи “Пешбурди cоҳибкорӣ”-и Бонки умумиҷаҳонӣ дар соли 2016 мавқеи худро 34 зина боло бурд ва аз ҷои 166 ба 132 баромада, 54,19%-и таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро ба даст овард.

Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ ба ҳолати 1 сентябри соли 2016 тавассути Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 125 лоиҳа ба маблағи 110 млн. 237 ҳазор сомонӣ дастгирӣ ёфт.

Бо мақсади тавассути низоми электронӣ ба расмият даровардани беш аз 30 фоизи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, Низоми ягонаи электронии ба расмият дарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ тариқи пилотӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд.

Маросими ифтитоҳи Низоми ягонаи электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ 2 июни соли 2016 баргузор гардид.Масъулини мақомотҳои болозикр бо модулҳои тарҳрезишудаи барнома ва тартиби қабул ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба тариқи электронӣ ба таври тестӣ муаррифӣ карда шуданд. Бо ин мақсад, серверҳо ва таҷҳизотҳои зарурӣ харидорӣ ва дар бинои Кумита насб гардид.

Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва Феҳристи электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар сомонаи расмии Кумита ҷойгир буда, мунтазам мавриди таҳлил ва омӯзиши масъулин қарор дорад.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид