24-11-2016

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК БОШАД!

Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Парачами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид ва бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд.

Бо ибтикор ва иқдоми наҷиби Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муносибати 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе бузургтарин Парчам, ки дар ҷаҳон беназир аст, гузошта шуд, ки баландии пояи он 165 метр, дарозии матоъ 60 метр ва бараш 30 метр буда, ба китоби “Рекордҳои Гиннес” ворид карда шудааст. Майдоне, ки он ҷо Парчами бузургтарини мо ҷойгир аст, “Боғи Парчами миллӣ” номгузорӣ шуд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда кулли ҳамватанони азизро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, хонаи обод, тандурустиву хушбахтӣ ва дар фаъолияти ҳаррузаашон барори кор орзу менамоем.

Орзуманди онем, ки зери парафшонии ин рамзу нишонаи бахту озодии халқамон ваҳдату якдигарфаҳмии мардум ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистони азизамон пойдору устувор бошад.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид