Ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ
26 ноябр дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Шӯро, вазирони адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, раисони кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ ва роҳбарони Палатаи ҳисоб, андоз, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба ҳайси нозир, инчунин намояндаи бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа гузориши Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ оид ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ва баррасии Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ислоҳоти гузаронидашуда дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор баррасӣ гардида, ҳамчунин таҳлил ва тавсияҳои мушовирони байналмилалии Бонки Рушди Осиёгӣ ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Бояд зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои банди 26 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 зикр гардида буданд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор” дар таҳрири нав таҳия карда шуд, ки он аз 25 декабри соли 2015, №1269 қабул ва аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шуд.
Дар асоси Қонуни мазкур ва бо мақсади таъмини ҳамкорӣ, танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 № 331 Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таъсис дода шуд.
Мавриди қайд аст, ки Шӯро мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиширо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” таъмин менамояд.
Мавриди тазаккур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳия гардидааст.