1 Декабря 2016

Ҳамкориҳои байниминтақавӣ таҳким меёбад

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конфронси 5-ум оид ба ҳамкории байниминтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳои марбута ва бахши хусусии ҳарду кишвар баргузор гардид.

Нахуст, маросими ифтитоҳии ҷаласаро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидраҳмон Назризода ва Муовини Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Александр Сибулский бо суханони муқаддимавӣ оғоз намуданд.

Дар маросими ифтитоҳии конфронс муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ оид ба раванд ва вазъи кунунии ҳамкориҳо, мавҷудияти заминаҳо барои ҷалби сармояҳо ба Тоҷикистон, зарурати густариши ҳамкориҳо ва фаъолгардонии истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуд.

Инчунин дар маросими ифтитоҳии ҷаласа сафирони ҳарду кишвар ва як қатор соҳибкорони Россия баромад намуданд.

Дар ҷаласаҳои бахшҳои корӣ - «Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи кишоварзӣ», «Вазъ ва танзими ҳуқуқии равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ байни Россия ва Тоҷикистон», «Дурнамо ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва инфрасохтори нақлиёту саноат» самтҳо ва заминаҳои ҳамкориҳои ҷонибҳо муаррифӣ карда шуда, намояндагони вазорату идораҳо ва бахши хусусӣ истифодаи васеъ аз имкониятҳои мавҷударо мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.

Дар интиҳои кори конфронс модераторони бахшҳо оид ба баррасии масъалаҳо ва тавофуқоти ҳосилшуда иттилоъ дода, аз рӯи натиҷаҳои бадастомада қарори дахлдор қабул гардид.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид