07-12-2016

Муколама баҳри ҳалли масъалаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

         Чанд руз қабл дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзуи «Ҳалли проблемаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон» бо иштироки Раиси Кумита ва соҳибкорони ватанӣ, аз ҷумла соҳибкорони самти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур муайян намудани мушкилотҳое, ки садди роҳи рушду ривоҷи соҳибкорӣ гардида, раванди пешрафти онро коста мегардонад ба шумор рафта, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта иборат буд.

Дар ҷамъомад соҳибкорон масъалаҳои ба таври қочоқ ворид шудани маҳсулоти саноати сабук, маъмурикунонии андоз, такмили Кодекси андоз, васеъ намудани дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ, аз ҷумла маблағгузориҳои МД «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», васеъ намудани номгуйи таҷҳизоти технологие, ки воридоти онҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озоданд, иштироки давлат дар татбиқи лоиҳаҳои самтҳои стратегии иқтисодиёт, таъмини корхонаҳои истеҳсолӣ бо қувваи барқ ва дигар масъалаҳои мубрами рушди соҳибкориро матраҳ намуданд.

Соҳибкорон оид ба монеаҳо ва муаммоҳое, ки ба рушди фаъолияти онҳо таъсири манфӣ мерасонанд суханронӣ намуда, таклиф намуданд, ки ҷоннок намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҳалли проблемаҳои ҷойдошта метавонанд шароити мусоидро баҳри рушду равнақи фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам оварда, саҳми бахши хусусиро дар баланд бардоштани нишондиҳандахои макроиқтисодӣ таъмин намоянд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид