07-12-2016

Пайгирӣ аз натиҷаҳои Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016

Бо мақсади пайгирии натиҷаҳои Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ - имконияти нави сармоягузорӣ», ки дар доираи таҷлили дуюмин солгарди «Рўзи соҳибкор» 14 октябри соли ҷорӣ дар пойтахти малакат баргузор гардид, ҷиҳати иҷрои Изҳороти Форум супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли ҷорӣ таҳти № 24836(22.7) ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардид.

Тавре маълум аст, Форуми ҳарсолаи байналмилалии соҳибкорӣ таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, шакли муҳимтарини муколамаи байни давлат ва бахши хусусӣ ва чорабинии калони соҳибкорию сармоягузорӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Форуми имсола зиёда аз 500 нафар иштирокчиён аз 30 мамолики олам иштирок намуданд.

Дар Форум роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои бонуфуз, аз ҷумла «Глинкор Интернешнл»-и Шветсария, «Қатарэйрвейс»-и Давлати Қатар, «Аэробус»-и Фаронса, «Кока-Кола»-и Туркия, «Ҷенерал Электрик»-и ИМА, «ДеЛавал»-и Шветсия, «Синоҳайдро», «Юннан» ва ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой ва дигарон иштирок намуданд.

Маросими ифтитоҳи расмии Форум бо баромади Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардида, аз ҷумла қайд гардид, ки кишвари мо бо тамоми давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамкориҳои худро дар асоси эҳтиром ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба роҳ монда, дар ҳама самтҳо барои ба сатҳи сифатан баланд бардоштани чунин ҳамкориҳо, аз ҷумла иқтисодиёту тиҷорат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Инчунин меҳмонони воломақом, намояндагони созмонҳо ва сармоягузорони калон, аз ҷумла директори минтақавии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, роҳбари минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба телекоммуникатсия, Президенти ширкати “Глинкор Интернешнел”-и Шветсария, Президенти ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой, ноиби калони Президенти ширкати ҳавопаймоии “Қатарэйрвейс”, Президенти ширкати «Акай Интернешнел»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой бо сухани ифтитоҳӣ баромад карданд.

Пас аз маросими расмии ифтитоҳи Форум, кори он дар шаш бахшҳои алоҳида гузаронида шуд.

Дар бахши 1-ум «Сиёсати иқтисодии ба сармоягузории асосёфта. Имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба Стратегияи миллии рушд то соли 2030, саҳми бахши хусусӣ барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегӣ, имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) барои рушди истеҳсолот, дурнамои рушди МОИ ва дигар мавзуъҳои марбут ба бахши мазкур баррасӣ гардиданд.

Бахши 2-юм “Воридотивазкунӣ - имконияти нави соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон” масъалаҳои сиёсат ва имкониятҳои воридотивазкунӣ, заминаи қонунгузории соҳа, густариши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунанда, пайдо намудани бозорҳои нав барои содироти маҳсулоти ватанӣ, имтиёзҳои мавҷуда барои истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, сармоягузорӣ барои тақвияти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва дигар мавзуъҳоро фаро гирфт.

Бахши 3-юм «Ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ - заминаи рушди истеҳсолоти миллӣ» ба масъалаҳои татбиқи афзалиятҳои стратегии Тоҷикистон, ислоҳоти бозорӣ дар бахши энергетика, дурнамои сиёсати тарифию танзимӣ, рушди хизматрасониҳои энергетикӣ, роҳҳои баланд бардоштани таъминоти бахши хусусӣ бо неруи энергетикӣ, тиҷоратикунонии бахши таъмини гармӣ ва инноватсияи соҳаи энергетика бахшида шуд.

Иштирокчиён дар бахши чорум “Тақвияти имкониятҳои инфрасохторӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон” масъалаҳои сармоягузорӣ дар инфрасохтори соҳаи нақлиёту логистика, сиёсати рушди шабакаҳои логистикии тиҷорати минтақавӣ ва нақлиётӣ, ҷорӣ намудани хизматрасониҳои бисёрҷанбаи логистикӣ, баланд бардоштани иқтидори транзитии Тоҷикистон, муосирнамоӣ ва рушди инфрасохтори наздисарҳадӣ ҳамчун омили калидии рушди тиҷорат, имкониятҳои истифодаи васеи нақлиёти заминӣ дар рушди тиҷорат, дастрасӣ ба бандарҳои обӣ ва ғайраро баррасӣ намуданд.

Дар бахши 5-ум “Бартариятҳои Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ” масъалаҳои ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, имкониятҳои васеи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, паст кардани арзиши аслӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, коркард ва содироти маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва густариши тиҷорати аграрӣ баррасӣ гардид.

Бахши 6-ум дар мавзуи “Тоҷикистон - кишвари сайёҳӣ, имкониятҳои рушд” масъалаҳои такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ислоҳоти соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори соҳа, ҳамчун омили муҳими истифодаи босамари захира ва имкониятҳои сайёҳиро фаро гирифта, мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ дар мисоли Канаски Ромит ва Сағирдашти Дарвоз муаррифӣ гардид.

Дар бахшҳои корӣ пас аз баромадҳо миёни иштирокчиёни Форум саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар Форум таваҷҷуҳи асосӣ ва вақти бештар ба мулоқот ва суҳбатҳои мустақими байни сармоягузорону соҳибкорон дода шуда, мулоқотҳои дуҷонибаи соҳибкорону сармоягузорон дар формати В2В (Business-to-Business) ва B2G (Business-to-Government) вазорату идораҳо бо соҳибкорону сармоягузорон гузаронида шуд.

Дар интиҳо чун анъана ва натиҷаи асосии Форум, 20 санадҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва мақомоти давлатӣ ба имзо расонида шуда, Изҳороти Форум қабул карда шуд.

Инчунин як қатор соҳибкорони ватание, ки дар давраи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2011, №1146), ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд, бо Шаҳодатномаи “Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи истеҳсолот” сарфароз гардонида шуданд.

(Маълумоти бештарро оид ба Форум, аз ҷумла Изҳороти Форум дар сомонаи http://investmentcouncil.tj ва www.forumtajikistan.tj пайдо кардан мумкин аст).

Изҳороти

Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ - имконияти нави сармоягузорӣ»

шаҳри Душанбе 14 октябри соли 2016

Дар доираи таҷлили дуюмин солгарди “Рўзи соҳибкор” 14-уми октябри соли 2016 Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони «Рушди истеҳсолоти миллӣ - имконияти нави сармоягузорӣ» баргузор гардид.

Дар кори Форум зиёда аз 500 нафар намояндагони соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ҳукуматҳои як қатор кишварҳои дуру наздик, созмонҳои байналмилалии молиявӣ иштирок намуданд, ки ин нишони боварӣ нисбати суботи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон ва ҳавасмандӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти он мебошад.

Иштирокчиёни Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 қайд менамоянд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалисозии як қатор ислоҳот оид ба беҳсозии фазои мусоид баҳри рушди соҳибкорию сармоягузорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузоронро таъмин намуда, бо ин мақсад имконияту шароити зарурии техникӣ ва молиявиро фароҳам овардааст.

Ҳадафи асосии баргузор намудани Форум, муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, мусоидат ба ҷалби боз ҳам бештари сармоягузориҳо ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва шарикӣ байни соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба монанди энергетика, саноат, кишоварзӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи васеи имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷолибияти сайёҳии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Қайд мегардад, ки сармоягузорон ва соҳибкорони ватанию хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои зикргардида, инчунин ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо ҷалби иқтидори ширкатҳо ва мамлакатҳои худ метавонанд ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монанд.

Бо назардошти масъалаҳои дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 баррасишуда, фикру мулоҳизаҳои иброзгардида ва хулосаҳои ҷамъбастӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар самтҳо ва соҳаҳои афзалиятнок тавсияҳои мушаххаси зерин пешниҳод карда шуданд:

1. Ислоҳот вобаста ба боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон дар шароити буҳронӣ тақвият дода мешавад.

2. Истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва истеҳсолоти ватанӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ ва содироти он тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштараки соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ густариш дода мешавад.

3. Истифодаи имкониятҳо ва афзалиятҳои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ тавассути истифодаи имтиёзҳои андозию гумрукӣ ва имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз самтҳои муҳими ҳамкориҳо арзёбӣ мегарданд.

4. Баланд бардоштани таъминоти бахши хусусӣ бо неруи барқ, истифодаи сарчашмаҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи энергия барои рушди устувор тақвият бахшида мешавад.

5. Истифодаи васеи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар инфрасохтори энергетикӣ ва иҷтимоӣ таъкид карда мешавад.

6. Истифодаи бартариятҳои соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза тақвият дода мешавад.

7. Ҷиҳати рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон лоиҳаҳои муштарак амалӣ карда мешаванд.

8. Таҳким бахшидани корҳо дар самти соддагардонии расмиёт барои сармоягузорон бо мақсади мусоидат ба ҷалби васеи сармоягузориҳо дар назар дошта мешавад.

9. Ҷиҳати солимгардонии вазъи молиявии бонкҳои тиҷоратӣ, тақвият додани эътимод ба низоми бонкии мамлакат ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии бонкӣ корҳо идома меёбад.

10. Таҳлили муфассали имкониятҳои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва таҳияи барномаҳои компютерӣ, хусусан бунёд ва ташккули ширкатҳои ватанӣ дар ин соҳа, муайян намудани монеаҳои мавҷуда ва роҳҳои бартараф намудани онҳо ва дигар ҷанбаҳои соҳа гузаронида мешавад.

11. Вобаста ба рушди соҳаи нақлиёт ва логистика, аз ҷумла нақлиёти ҳавоӣ, зиёд намудани хатсайрҳои дохиливу байналмилалӣ, мустаҳкам намудани мавқеи ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва ҷалби ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд.

12. Ҷиҳати рушди соҳибкорӣ миёни занон, боз ҳам беҳтар намудани шароит дар ин самт, дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ барои занони соҳибкор, рушди ҳунармандӣ (ремесленничества), аз ҷумла таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими фаъолияти ҳунармандӣ чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

13. Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ, яке аз шаклҳои муосири муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, натиҷаҳои кори форумҳои қаблан баргузоргардида самаранок арзёбӣ мегардад. Вобаста ба ин ҳамасола дар ҷумҳурӣ баргузор намудани Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ ва дар ин робита таъсис додани Котиботи доимоамалкунандаи Форум дар доираи фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идори амволи давлатӣ ва Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти ҶТ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мувофиқи мақсад мебошад.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид