20 Декабря 2016

Мизи мудаввар: Муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

Нимаи дуюми имрўз дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи баналмилалии молиявӣ, соҳибкорон, намояндагони ассосиатсияҳои соҳибкорӣ мизи мудаввар оид ба муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар таҳрири нав баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Нигина Анварӣ оғоз гардид.

Тавре қайд гардид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон »Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ инъикос гардидаанд, таҳия ва аз 25 12 2015 № 1269 қабул карда шуда, аз 1 июли соли 2016 мавриди амал амал қарор дода шуд. Қонуни мазкур дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва бо иштироки намояндагони доираҳои васеи соҳибкорӣ, мақомоти давлатӣ бо ҷалби шарикони рушд таҳия гардида, ҳадаф аз қабули он таъмини шаффофият дар гузаронидани санҷишҳо ва ҳимояи манфиати соҳибкорон иборат мебошад.

Дар чорабинӣ оид ба муқаррарот ва навгониҳои қонун навор ва муаррифнома пешниҳод гардида, ҳамчунини намояндагони Корпоратсияи баналмилалии молиявӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорие, ки дар таҳияи қонун ширкат намудаанд, вобаста ба мазмун ва мундариҷаи қонуни қобулгардида суханронӣ намуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз 6 бобу 46 модда иборат буда, он асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷиш, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷишгузаронандаро муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятии марбут ба тартиб ва расмиёти гузаронидани санҷишро ба танзим медарорад. Таъкид карда шуд, ки дар қонун мафҳумҳои таваккал ва меъёрҳои баҳодииҳии дараҷаи он, мақоми ваколатдори давлатӣ, объекти санҷиш ҳамчун мафҳумҳои нав дарҷ карда шуда, он ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти давлат ва ҳимояи фаъолияти субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда равона карда шудааст.

Пас аз муаррифиии қонун саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳамзамон намояндагони ассосиатсияҳо, соҳибкорон ва дигар иштироккунандагон оид ба қисматҳои алоҳидаи қонун фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Нигина Анварӣ иброз дошт, ки аввалин ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ, ки дар қонун ҳамчун мақоми ваколатдор муқаррар карда шудааст, санаи 26 ноябри соли ҷорӣ баргузор гардида, дар доираи фаъолияти он барои мунтазам баррасӣ намудани фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳо имкониятҳо мавҷуданд. Вобаста ба ин изҳори итминон карда шуд, ки соҳибкорон дар манзур намудани пешниҳодоти худ дар ин самт фаъолона ширкат намуда, ҳамчунин дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» саҳми назаррас хоҳанд дошт.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид