26-12-2016

Омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нимаи дуюми имрӯз дар Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ самтҳои асосии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Тавре дар нишаст зикр гардид, дар Паём оид ба дастовардҳои муҳимтарин дар давраи истиқлолият, аз қабили ислоҳоти сиёсиву конститутсионӣ, таҳкими пояҳои истиқлолият, қабули аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои давлатӣ, барқарорсозии фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ, ташкили низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парламенти дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судӣ, таъмин намудани қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, яъне волоияти қонун, оѓози марҳалаи рушд ва пешрафти босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардумро тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо дарҷ гардидааст.

Пешвои миллат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ роҷеъ ба амалисозии барномаҳои қабулгардида ва дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳамасола ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз афзудани ММД ва имсол беш аз ба 54 миллиард сомонӣ расидани он, дар 15 соли охир аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардидани даромади буҷети давлатӣ, дар 20 соли охир бошад 60 баробар афзудани музди миёнаи меҳнат ва 85 баробар афзудани андозаи миёнаи нафақа, дар натиҷаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ ва дигар нишондиҳандаҳо ёдовар шудаанд.

Дар Паём инчунин вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ, бахшҳои дигари иҷтимоӣ ва дар даврони соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо равона гардидани 88 миллиард сомонӣ, мавриди истифода қарор додани беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ, дар соли 2016 ба иқтисоди миллӣ ҷалб намудани ҳафтуним миллиард сомони сармояи хориҷӣ, ки 51 фоизи онро сармояи мустақим ташкил намуд, айни замон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт бо сармояи давлатӣ ва шарикони рушд амалӣ шудани беш аз 70 лоиҳа дар ҳаҷми 22 миллиард сомонӣ ва 7 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ барои сохтмону таҷдиди 12 корхонаи саноатӣ қайд карда шудааст.

Дар бисту панҷ соли истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бунёд гардидани корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ, дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ ва дар соҳаи кишоварзӣ тавассути гузаронидани ислоҳот ва таҷдиди хоҷагиҳо, амалӣ намудани барномаҳои рушди соҳа, аз худ кардани заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо, инчунин, бо роҳи зиёд кардани майдони боғу токзор таъмин карда шудани фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар Паём қайд гардидааст, ки аз дастовардҳои муҳими ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Тавре Пешвои миллат дар Паём қайд намуданд, буҷети давлатӣ дар соли 2017 дар ҳаҷми зиёда аз 19 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2016 қариб 10 фоиз зиёд буда, беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда хоҳад шуд.

Оид ба минбаъд беҳтар намудани вазъу ҳолати низоми бонкии кишвар ва назорати фаъолияти онҳо, зарурати ба инобат гирифта шудани масъалаҳои каммасрафӣ ҳангоми лоиҳакашиву сохтмони биноҳо ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, воридоти технологияҳо ва асбобу таҷҳизоти маишӣ, ташвиқи маърифати ҳарчӣ бештари сарфаю сариштакорӣ барои истифодабарандагони нерӯи барқ; таъмини рушди минбаъдаи саноат тавассути баланд бардоштани самаранокии соҳаи коркарди ашёи хом ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таҷдиди воситаҳои асосӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти рақобатпазирии маҳсулот;дар доираи иҷрои барномаҳои қабулгардида таъмини афзоиши устувори ҳамаи намудҳои маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук, ҳамасола зиёд намудани майдони заминҳои ба гардиши кишоварзӣ воридшаванда,аз ҷумла дар доираи иҷрои “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012 – 2020”, соҳаи тухмипарварӣ дар кишвар, беҳтар кардани зоти чорво қайд гардида, вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии тадбирҳои зарурӣ вазифадор карда шудаанд.

Дар Паём таваҷҷуҳи махсус ба соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани заминаҳои зарурӣ барои рушди минбаъдаи он зоҳир гардида, қайд карда шуд, ки дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст.

Бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис додани сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъкид гардида, вобаста ба ин, Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқат тадбирҳои заруриро дар ин самт амалӣ намоянд.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар зарур аст, ки воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд.

Мавзуи дигаре, ки дар Паём ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардидааст, ин рушди бахши хусусӣ мебошад, ки он ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ аз ҷумла соҳибкорӣ арзёбӣ гардида, таъкид карда шуд, ки то имрӯз доир ба тақвияти шарикии давлат бо бахши хусусӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ва танзими фаъолияти иҷозатдиҳӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Тавассути татбиқи ислоҳот фароҳам гардидани фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ, густариш пайдо кардани шарикии давлат бо бахши хусусӣ ва тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардидани Тоҷикистон дар Паём қайд карда шуда, таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмини рушди минбаъдаи кишвар ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим ҷараёни ислоҳотро дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вусъат мебахшад. Дар натиҷаи ислоҳот ва тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ соли 2016 ба 290 ҳазор расонида шуд, ки нисбат ба 5 соли пеш 110 ҳазор зиёд мебошад.

Саҳми соҳибкорону сармоягузорон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар татбиқи афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумат, бахусус, доир ба рушди босуботи иқтисодӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ қайд карда шуд.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат дар баробари фароҳам будани фазои мусоид барои сармоягузории мустақим ва дастгирии соҳибкорӣ инчунин оид ба мавҷуд будани баъзе монеаҳои сунъии маъмурӣ, ҳамчунин пешниҳод кардани имтиёзҳои бештар ба соҳибкорон ибрози назар намуданд ва дар ин робита вазорату идораҳои давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки дар асоси омӯзишу таҳлилҳои ҳаматарафа ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот ва содирот, механизми пешниҳоди дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳоро барои истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони молу маҳсулоти ватанӣ вобаста ба андозу гумрук ба сармоягузорон ҷиҳати воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав пешниҳод намоянд.

Бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамгироии иқтисодиёти кишварамон ба савдои байналмилалӣ ҷиҳати рақобатпазирӣ дар ҷалби сармоя ва бозорҳои молии ҷаҳон, баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя аҳамияти муҳим пайдо намуда, вобаста ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шудааст, ки масъалаи мазкурро бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодиву молиявӣ ҳаматарафа омӯхта, дар семоҳаи якуми соли 2017 пешниҳоди мушаххас манзур намояд.

Ҳамчунин, муқаррар шудааст, ки барои дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ аз моҳи январи соли 2017 ҳамаи намудҳои автомашинаҳои наве, ки ба кишвар ворид карда мешаванд, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ 50 фоиз озод карда шаванд.

Президенти кишвар соли гузашта ҷиҳати танзими фаъолияти мақомоти марбута дар таҳрири нав қабул карда шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”-ро ёдовар шуда, дар баробари ин таъкид намуданд ки шумораи зиёди мақомоти санҷишу назорат ва санҷишҳои бемаврид боиси ташвиши соҳибкорон гардидааст. Бинобар ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шудааст, ки масъалаи мазкурро ҳаматарафа таҳлил карда, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба кам кардани санҷишҳо ва боз ҳам шаффофу содда гардонидани онҳо ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат соли 2016 оид ба қабул карда шудани “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”дар Паём сухан ронда, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки тибқи афзалиятҳои дарозмуддат рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун ҳадафи олӣ боқӣ мемонад ва барои расидан ба ин мақсад зарур аст, ки низоми нави рушди босуботи иқтисодии ба ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, тараққиёти босуръати саноат, кишоварзӣ ва такмили бахши молиявӣ асосёфта оғоз карда ва вусъат дода шавад.

Дар шароити зудтағйирёбандаи вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза тақвият додани рақобатпазирии иқтисодиёти ватанӣ ба таъсири омилҳои беруна қайд карда шуда, Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки «… то 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне то соли 2021 ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олиамон тақвияти сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии бахши воқеӣ, таҳкими сохтории идоракунии давлат, таъмини устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо ташкили ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ ва фароҳам овардани замина барои таҳкими иқтидори содиротии кишвар ҳамчун самтҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат муайян гардидаанд.

Дар баробари нуқтаҳои қайдгардида дар Паём вобаста ба нақшаҳои минбаъдаи рушди соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои зерин муайян карда шудаанд:

-дар 5 соли оянда бояд афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беш аз 35 фоиз ва зиёдшавии ҳаҷми содироти молу маҳсулоти ватанӣ қариб ду баробар таъмин гардад;

-дар ин давра (5 соли оянда) ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ҷалби сармояи мустақим ҳамчун самти такондиҳандаи пешрафти иқтисодиёт афзалияти бештар дода, ҳиссаи сармояи хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш дода шавад.Тадбирҳои зикршуда бояд ба дарёфти бозорҳои нави содирот, кам кардани воридоти молҳои истеъмолӣ, коҳиш додани осебпазирии кишвар аз таъсири омилҳои беруна имконият фароҳам оварда, рушди бахши воқеии иқтисодиёт ва зиёд шудани даромади буҷети давлатӣ мусоидат намоянд;

-бо мақсади вусъат додани шуғли аҳолӣ ва кам кардани шумораи бекорон, хусусан, дар байни ҷавонон, аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ ҳамасола на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шаванд;

- то соли 2030 бо истифода аз тамоми имконоту захираҳои мавҷуда афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ то 3 баробар, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ беш аз ду баробар ва аз 22 то 50 фоиз зиёд кардани ҳиссаи аҳолии дорои даромади миёна дар назар дошташудааст;

- то соли 2030 беҳтар шудани фазои сармоягузории Тоҷикистон ва дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 5 баробар афзудани ҳиссаи сармояи хусусӣ пешбинӣ гардидааст;

-дар 15 соли оянда дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ таври назаррас афзоиш ёфтани саҳми соҳаи саноат ва табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ дар назар дошта мешавад;

-илова бар ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки навсозӣ ва татбиқи ислоҳоти ҷиддиро ба хотири баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дар навбати аввал энергетика, саноат ва кишоварзӣ таъмин намояд;

- таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо назардошти афзоиши ҳамасолаи шумораи аҳолӣ ва зиёд шудани қувваи қобили меҳнат ва бо мақсади амалисозии он ҳамаҷониба дастгирӣ кардани бахши хусусӣ, соҳибкории хурду миёна, бахусус, соҳибкорони истеҳсолӣ, амалӣ гардонидани тадбирҳои иловагӣ ҷиҳати ҷалби сармоя дар ин самт, эътибори бештар ба фарогирии калонсолон ва занону ҷавонон бо шуғли пурсамар, инкишоф додани касбҳои мардумӣ, ҳунарҳои дастӣ ва кори хонагӣ ва истифодаи самаранок аз аз шаклҳои мавсимии шуғл;

-дар асоси барномаҳои давлатии қабулкардаи Ҳукумат дар самти ноилшавии ҷумҳурӣ ба мамлакати саноативу кишоварзӣ ва дар ояндаи наздик афзудани талабот ба мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникӣ ва технологӣ андешидани тадбирҳои иловагӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон роҳандозӣ намудани озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодӣ.

Дар Паём, яке аз дастовардҳои муҳими байналмилалии ҷумҳурӣ-аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани

пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор" ва дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, яке аз вазифаҳои муҳимми давраи наздик арзёбӣ гардидааст.

Дар ҷамбаст изҳор дошта шуд, ки Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тамоми талошварзиҳоро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардидааст, равона намуда, дар доираи ислоҳоти иқтисодӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ амалисозии тадбирҳои заруриро бомаром идома хоҳад дод.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид