13-01-2017

Форуми 2-юми соҳибкории ҷавонон

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-Соли ҷавонон эълон гардида, дар ин росто аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идори амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ 17 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми 2-юми соҳибкории ҷавонон баргузор мегардад.

Дар Форум иштироки намояндагони доираҳои соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳадаф аз баргузории форум муаррифии як қатор чорабиниҳои гуногун оид ба дастгирии соҳибкорӣ, ҳамчунин баррасии масъалаҳои таъмини рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон дар доираи ислоҳот ва натиҷаҳои то имрўз бадастовардашуда дар самти мазкур мебошад.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи таҳкими иқтидори ҷавонон ва рушди соҳибкориро дар мамлакат амалӣ карда истодааст. Барнома ҷавонони минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро фаро гирифта, дар маркази диққати омӯзиш баланд бардоштани донишу малакаҳои соҳибкорӣ, инчунин мусоидат намудан ба иштироки фаъоли ҷавонон дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ қарор додааст.

Дар рафти «Форуми 2-юми соҳибкории ҷавонон» ҳамчунин роҳҳои баланд бардоштани ҳавасмандӣ ба фаъолияти соҳибкории ҷавонон тавассути табодули дониш ва иттилоот муфассал баррасӣ карда мешаванд.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо телефони 44 610-60-04 ё нишонии электронии secretariat@investmentcouncil.tj муроҷиат намоед.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид