17-01-2017

Баргузории Форуми соҳибкории ҷавонон

Бо назардошти ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, аз ҷумла дар доираи чорабиниҳои таҷлили Соли ҷавонон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идори амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ якҷо бо Бонки ҷаҳонӣ 17 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкории ҷавонон баргузор гардид.

Дар Форум намояндагони доираҳои соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ иштирок карданд.

Ҳадаф аз чорабинӣ ин мусоидат намудан ба роҳандозии стратегияҳои иловагӣ дар самтҳои таъсиси ҷойҳои корӣ миёни ҷавонон бо ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ, рушди нерӯ ва малакаҳои ҷавонон оид ба масъалаҳои бароҳмонии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, истифодаи донишу малакаи ҳосилнамудаи ҷавонон дар ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, баланд бардоштани нерӯи мақомоти ҳукумативу давлатӣ дар самти беҳсозӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқию иқтисодии фазои сармоягузорӣ мебошад.

Форумро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идори амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қодири Қосим бо сухани ифтитоҳӣ оѓоз намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, барои ташаккули ҳамаҷонибаи онҳо тамоми шароити заруриро фароҳам оварда истодааст.

Ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанг ва иқтисодиёту иҷтимоиёти миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд.

Фаъолияти соҳибкорӣ яке аз рукнҳои асосии рушди иқтисодиёт ва воситаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, аз ҷумла ҷавонон ба ҳисоб рафта, барои самаранок ба роҳ мондани он ва баланд бардоштани донишу малакаи соҳибкорони ҷумҳурӣ, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон ба таври ҷиддӣ эътибор дода мешавад.

Тавре маълум аст, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассири ҷавононро дар рушди босуботи кишвар, самтҳои вусъат бахшидани заминаҳои ҳуқуқӣ, равона сохтани нерӯ ва имкониятҳои ҷавонон ба корҳои бунёдкорона ва созандаи мамлакат ва таъмини ҷавонон бо шуғл ибрози назар намуда, соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд.

Дар ин замина ҳукумату давлат дар самти нигоҳдории истеъдодҳо ва ташкили корхонаҳо дар байни ҷавонони Тоҷикистон, истифодаи самараноки неруи ҷавонон мунтазам тадбирҳо андешида, вобаста ба он доираҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолияти худро вусъат мебахшанд, ки ин ба таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳа оид ба таҳкими иқтидори ҷавонон ва рушди соҳибкориро дар мамлакат амалӣ карда истодааст. Барнома ҷавонони синни 17-25-ро аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, махсусан аз деҳот фаро гирифта, дар маркази диққати омӯзиш баланд бардоштани тафаккур ва малакаҳои соҳибкорӣ инчунин мусоидат намудан ба иштироки фаъоли онҳо дар рушди иқтисодии минтақаҳои худ миёни ҷавонон қарор гирифтааст. Дар доираи барнома, то имрӯз 150 семинар дар ноҳияҳо ва деҳоти мухталифи Тоҷикистон вобаста ба барномаи коммуникатсионӣ оид ба масоили соҳибкорӣ гузаронида шудааст.

Дар Форум ҳамчунин сухани ифтитоҳии Абдуллозода Аҳтам Рустам, Раиси кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Патрисия Виверз-Картер, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ шунида шуда, дар бахшҳои сексионӣ Бенҷамин Херзберг, Роҳбари барнома, Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ, намояндагони вазорату идораҳо, хизматчиёни давлатӣ ва ҷавонони иштирокчии омӯзишҳо, корхонаю ширкатҳо баромад намуданд.

Кори Форум дар 4 сексия: Муаррифот ва натиҷаҳои Барномаи таҳкими иқтидори ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ, 2: Шахсиятҳо ва қиссаҳои воқеӣ, 3: Дастгирии фаъоли рушди фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон , 4: Нокомиҳо ва муваффақиятҳои мо баргузор гардида, дар он иштирокчиён атрофи масъалаҳои мушкилот, имкониятҳо ва монеаҳо дар фаъолияти соҳибкории ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,соҳибкорӣ ҳамчун омили сулҳу субот, пешрафт ва рушди фарогир, роҳҳои имконпазир ва тавсияҳо оид ба гузаштани омӯзиши соҳибкорӣ ва ноилшавӣ ба муваффақиятҳо дар бизнес миёни ҷавонон дар Тоҷикистон ва ѓайра мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷом, тезисҳои хотимавии Форум эълом гардид.

Дар рафти «Форуми соҳибкории ҷавонон» ҳамчунин роҳҳои баланд бардоштани ҳавасмандӣ ба фаъолияти соҳибкории ҷавонон тавассути табодули дониш ва иттилоот муфассал баррасӣ карда мешаванд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид