11-02-2017

Саҳми минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар рушди иқтисодиёт

Санаи 11 феврали соли 2017 дар ҳудуди МОИ «Панҷ» ҷаласаи панҷуми Шӯрои нозирон оид ба МОИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Шӯро - Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа қайд карда шуд, ки рушди МОИ дар мадди назар ва таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати мииллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, барои рушди онҳо бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Сипас, котиби Шӯро - муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Давлатзод баромад намуда, вобаста ба иҷрои бандҳои ҷаласаи қаблии Шӯрои нозирон маълумот дод, ки тибқи он бандҳои протоколии ҷаласаи қаблии Шӯро дар маҷмӯъ иҷро гардиданд.

Дар ҷаласа, роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Данғара», «Суғд» ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари маъмурияти МОИ «Ишкошим» баромад намуда, оид ба вазъи кунунии МОИ ва нақшаҳои оянда маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа Роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ»-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Исфандиёр Усмонзода баромад намуда, дар бораи татбиқи лоиҳаи «Сохтмони хати интиқоли барқ ба МОИ Данғара» гузориш манзур намуд.

Дар баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа ва музокираҳо Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нав, муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук, муовини Раиси вилояти Суғд, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва дигарон фикру андешаҳои худро нисбати ҷоннок намудани фаъолияти МОИ баён карданд.

Дар суханронии хотимавии худ муҳтарам Давлаталӣ Саид аз ҷумла қайд карданд, ки ҳадафҳои Ҳукумати кишвар аз таъсиси МОИ, ин ҷалби сармоя ворид намудани технологияи муосир, баланд бардоштани нерӯи содиротии кишвар ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ мебошад. Вобаста ба ин ба вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони маъмуриятҳои МОИ супоришҳои дахлдор дода шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид