13-02-2017

Густариши амалисозии лоиҳаҳо тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Санаи 13 феврали соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Шӯро, роҳбарони вазорату идораҳо, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ», маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Суғд», шарикони рушд, коршиносони соҳа ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба лоиҳаи «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ», ташаббус ва пешниҳоди лоиҳаи «Сохтмони Маркази хизматрасонии тиббӣ ва маишӣ дар шаҳри Истаравшан», Усмоналӣ Усмонзода, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи «Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва дигар дарёҳо», Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба лоиҳаҳои «Сохтмони инфрасохтори аввалия», «Сохтмони хати роҳи оҳан» ва «Барқарорсозии системаи оби нӯшокӣ» дар МОИ «Суғд» гузориш доданд.

Дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаҳои «Таъсиси Маркази мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ», «Сохтмони Маркази хизматрасонии тиббӣ ва маишӣ дар шаҳри Истаравшан», «Сохтмони неругоҳи барқи обии хурди Ҳафткӯл» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифта, ба тариқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалишавии онҳо қарорҳои дахлдор бароварда шуд.

Дар айни замон ба воситаи ин механизм тибқи қарорҳои Шӯро ду лоиҳа дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ- лоиҳаи «Таҷдид ва идоранамоии кӯдакистони №133 шаҳри Душанбе» ва дар самти энергетика лоиҳаи «Сохтмони хати интиқоли барқ ба МОИ «Данғара» амалӣ шуда истодаанд.

Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз роҳҳои муосири ҷалби сармояи хусусӣ дар иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ буда, ба ин васила метавон хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва таъсиси инфрасохторро ба роҳ монд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид