14-02-2017

Баррасии имкониятҳои таъсиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон

Санаи 14 феврали соли 2017 дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Ҳисоботи ташхис ва стратегияи таъсиси ҷойҳои корӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шуд. Ҷаласаро муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам ва ба кори ҷаласа барору комёбӣ орзӯ намуд.

Дар ҷаласа бо сухани ифтитоҳӣ Роҳбари Намояндагии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ аз ҷумла қайд намуд, ки соли 2016 бо ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ 10 адад корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи сементбарории “Хуаксин Ғаюр Суғд Семент” ноҳияи Б.Ғафуров, “Комбинати металлургии Тоҷикистон” ноҳияи Ҳисор, корхонаи ғанигардонии маъдан ва металлургии ҶДММ "Пакрут" шаҳри Ваҳдат, корхонаи ресандагии “Ҷунтай Данғара Синсилу Текстил”, корхонаи маъдантозакунии Ширкати куҳию саноатии Тоҷикистону Хитой дар шаҳраки Истиқлол, корхонаҳои сементбарории “Ҷунтай Моҳир Семент”, истеҳсоли гаҷкартон, истеҳсоли криолит дар ноҳияи Ёвон ба маблағи 8,4 млрд. Сомонӣ ба истифода дода шуданд ва сохтмони як қатор корхонаҳои азим ва хурду миёнаи саноатӣ идома доранд.

Бешубҳа фаъолияти ин корхонаҳо барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмини аҳолӣ бо шуғл ва аз ҳама муҳим барои аз кишвари аграрӣ ба кишвари индустралию саноатӣ табдил додани ҷумҳурӣ, ки яке аз ҳадафи афзалиятноки ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад, ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Дар натиҷаи ислоҳот ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, соли сипаригашта саҳми бахши хусусӣ дар ММД - 70%, таъмини аҳолии фаъоли иқтисодӣ бо шуғл - 67 ва пардохтҳои андозҳои буҷети давлатӣ 80 % - ро ташкил дод.

Вобаста ба муҳтавои Ташхиси гузаронидашуда ва такмил додани он байни иштирокчиён мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Дар хотима муовини вазири рушди иқтисод ва савдо изҳори итминон намуд, ки иқдомоти муштараки Ҳукумати кишвар бо шарикони рушд барои таъсиси ҷойҳои корӣ дар оянда таккони ҷиддӣ хоҳад бахшид.  

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид