03-08-2017

Баргузории ҷаласаи чоруми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт

2 августи соли 2017 дар ноҳияи Тоҷикобод, ҷаласаи чоруми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт баргузор гардид.

Ҷаласаро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оғоз намуд. Дар баромади худ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор қайд намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба туфайли заҳмату талоши ватандӯстонаи сокинон имрӯз симои ноҳияҳои водии Рашт ба таври куллӣ дигаргун шуда, ин раванд бомаром идома дорад.

Дар ин замина оид ба як қатор лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузории давлатии дар водии Рашт амалишудаистода, қарзҳои аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба фаъолияти соҳибкории ноҳияҳои водии Рашт ҷудошуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла бунёди корхонаҳо дар водӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар карда шуд.

Дар ҷаласа оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт, аз ҷумла тадбирҳо дар самти бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти ширӣ, бандубасти равғани рустанӣ, коргоҳҳои ордистеҳсолкунӣ, коркарди сангу шағал, корхонаи хишти пухта ва маҳсулоти сохтмонию пластикӣ, коргоҳҳои дӯзандагиву нонпазӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва амсоли онҳо котиби Шӯро - Зафар Ҳисориев гузориш дода, оид ба нақши бахши хусусӣ дар татбиқи қарорҳои Шӯрои машваратӣ аъзои Шӯро, Директори генералии ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Сурхоб» - Cайдалӣ Сайдраҳмонов ибрози назар намуд.

Дар робита ба масъалаҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла таъмини рушди он дар минтақаҳо ва коҳиш додани монеаҳо дар самти зикргардида Кристин Лаабс – Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Роҳбари минтақавии KFW ибрози назар ва пешниҳодоти худро манзур намуд. Раиси Шӯрои машваратӣ, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор зимни изҳори сипос ба шарикони рушд барои ҳамкориҳо, аз ҷумла дар самти пайгирии масъалаҳои рушди соҳибкорӣ, ба суолҳо ва пешниҳодоти аз ҷониби Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, хонум Кристин Лаабс матраҳгардида посух дода, ҳамзамон изҳори итминон намуд, ки таваҷҷуҳи шарикони рушд ба масъалаҳои таҳким бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ дар минтақаҳо бештар хоҳад гардид.

Вобаста ба масъалаи дуюм зимни муаррифии натиҷаҳои таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди тиҷорати наздисарҳадӣ бо ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ва мусоидат ба рушди ноҳияҳои минтақаи Рашт, Раиси Шӯро қайд намуд, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи сеюми Шӯро аз ҷониби бахши хусусии водӣ пешниҳод гардида, бо дархости Шӯрои машваратӣ ва дастгирии Барномаи Рушди СММ аз ҷониби коршиноси соҳа дар ин самт тадқиқот гузаронида шуд.

Тавре қайд гардид, дар ин ҳуҷҷат як қатор масъалаҳо, аз қабили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Алайи Ҷумҳурии Қирѓизистон, бозорҳои мавҷуда ва тиҷорат дар онҳо, инфрасохтори наздисарҳадӣ дар минтақа, савдои ғайрирасмӣ, монеаҳои тиҷоратӣ ва маъмурӣ миёни ду кишвар мавриди таҳлил қарор дода шуда, оид ба беҳтар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, соддагардонӣ ва диверсификатсияи савдои наздисарҳадӣ, бартараф кардани мушкилоти бозорҳои наздисарҳадӣ, тавсияҳо пешниҳодҳо манзур гардидааст.

Қайд карда шуд, ки дар ин замина бо мақсади ҳалли масъалаҳои рушди тиҷорати наздисарҳадӣ, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди тиҷорати наздисарҳадӣ бо ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ва мусоидат ба рушди ноҳияҳои минтақаи Рашт аз 13 банд таҳия гардида, таъкид карда шуд, ки он бо назардошти таклифу пешниҳодҳои дар ҷаласа баёншуда тасдиқ гардида, барои иҷро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт, бахши хусусӣ ва шарикони рушд, мақомоти дигари марбута ирсол карда шавад.

Ғанизода Назаралӣ - Сардори дидбонгоҳи гумрукии Қарамиқ дар ноҳияи Лахш андешаҳои худро вобаста ба таҳлил ва тавсияҳо оид ба рушди тиҷорати наздисарҳадӣ бо ноҳияҳои ҳамсарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ва мусоидат ба рушди ноҳияҳои минтақаи Рашт қайд кард, ки тадқиқоти ба ҷаласа пешниҳодшуда аз 10 август то 10 сентябри соли 2016 гузаронида шуда, дар ин муддат вобаста ба тартиботи бозори наздисарҳадӣ таѓйиротҳо, аз ҷумла убури марз ва дигар самтҳо ҷорӣ карда шудааст.

Зимни баррасии масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа мавзӯи “Имкониятҳои рушди соҳибкории соҳаи коркарди маҳсулот дар водии Рашт” ба баррасии ҷаласаи ояндаи Шӯро пешниҳод карда шуд.

Оид ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасишуда ҳамраисони Шӯро, Раиси ноҳияи Лахш – Файзулло Баротзода, Раиси ноҳияи Рашт – Қаноатшо Лоиқзода, Раиси ноҳияи Нуробод – Ҳасан Дӯстзода, Раиси ноҳияи Сангвор – Зарифхуҷа Шоҳиён ва Раиси ноҳияи Тоҷикобод – Нодираи Маҳмадисо, намояндагони бахши хусусӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар баромадҳои худ оид ба мушкилоти соҳаи савдои миёнамарзӣ ва роҳи ҳалли онҳо дар минтақа суханронӣ намуданд.

Дар хотимаи ҷаласа ба масъулин ва намояндагони мақомоти ноҳиявии вазорату мақомоти дахлдор вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласа баррасигардида дастуру тавсияҳо дода шуд.

Дар ҷаласа намояндагони бахши хусусии водии Рашт, шарикони рушд, намояндагони мақомоти бахши давлатии водӣ иштирок ва мулоҳизаронӣ намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид