31-08-2017

Мулоқот бо намояндагони бахши хусусӣ вобаста ба масъалаҳои маъмурикунонии андоз

Имрўз дар идораи кории Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо намояндагони бахши хусусии мамлакат ҷиҳати баррасї ва интихоби масъалањо дар Мизи мудаввар тањти унвони “Масъалаҳои маъмурикунонии андоз” мулоқот баргузор гардид.

Дар рафти мулоќот иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои андоз ва мушкилот, пайдо кардани роњњои њалли онњо, дар доираи муќаррароти ќонунњои љорї анљом додани фаъолияти кормандони маќомоти андоз ва мусоидати онњо ба андозсупорандагон мулоҳизаронӣ ва ибрози назар намуда, баррасии ин ва дигар масъалањои марбут ба андозро дар мизи мудаввар мувофиќи маќсад арзёбї намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорї дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 15 сентябри соли 2017 ташкил ва баргузории мизи мудавварро таҳти унвони “Масъалаҳои маъмурикунонии андоз” ба нақша гирифтааст.

Дар хотима иштирокчиён љињати баргузории мизи мудаввар оид ба масъалаҳои маъмурикунонии андоз ва мулоқоти имруза бо мақсади мусоидат барои њамоњангсозии мавќеи бахши хусусї вобаста ба он сипосгузорї намуда, омодагии хешро барои вусъат бахшидани њамкорињо дар ин самт изњор намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид