11-10-2017

Мизи мудаввар дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ: тавсеаи имкониятҳои иқтисодии бахши хусусӣ”

Имрӯз дар доираи силсилаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни сеюмин солгарди “Рӯзи соҳибкорон” дар ҳамкории Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар меҳмонхонаи Шератони шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи “Имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ: тавсеаи имкониятҳои иқтисодии бахши хусусӣ” доир гардид.

Дар мизи мудаввари мазкур намояндагони бахши давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусии ватанӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Манучеҳра Мадҷонова – и.в Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Насим Раджабов – Роҳбари маркази омузиши тағйирёбии иқлим ва қабати озони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Феликс Фаллаш, мушовири барномаи дастрасӣ ба маблаггузории тағйирёбии иқлими Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ оѓоз намуданд.

Сипас, Павел Чинчера, мушовири Фонди сабзи иқлимӣ вобаста ба мақсад ва вазифаҳои фонд, шарикии кишварҳо (механизми ҳамоҳангсозӣ, мақомоти ваколатдори миллӣ), имкониятҳои дастрасӣ (ташкилотҳои миллию байналмилалии акредитатсияшуда), имкониятҳо барои тиҷорат, ҷалби бахши хусусӣ муаррифномаи пурмуҳтаво баҳри иштирокчиён манзур намуд.

Ҳамзамон, ҷаноби Павел Чинчера оид ба мақомоти ваколатдори миллӣ, аз ҷумла Котибот ва механизми ҳамоҳангсозӣ, низоми “бидуни эътироз” ва нақши Гурӯҳи коршиносони техникӣ маълумоти мушаххасу муфассал пешниҳод намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиёни мизи мудаввар дар бахши муҳокима ва саволу ҷавоб вобаста ба истифодаи имкониятҳои васеи дастгирии молиявии фонди мазкур фаъолона иштирок намуданд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид