12-10-2017

Конфронс дар мавзӯъи: Рушди хизматрасониҳои машваратӣ дар Тоҷикистон

12 октябри соли 2017, дар доираи таҷлили сеюмин солгарди “Рӯзи соҳибкорон” конфронс дар мавзӯи “Рушди хизматрасониҳои машваратӣ дар Тоҷикистон.Тарѓиб ва рушди хизматрасониҳои самти тиҷорат” баргузор гардид. Чоарбинӣ аз тарафи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо дастгирии БРСММ ташкил карда шуд.

Ҳадафҳои чорабинӣ аз тақвият бахшидани иқтидори ташкилотҳои машваратӣ, мушовирон ва мутахассисон барои расонидани хидматҳои машваратӣ бо ихтисос ва талабот, муайян ва арзёбии фарқияти байни хизматрасонӣ ва талабот ба хизматрасонӣ, барои муҳокима намудани мушкилот ва монеаҳо дар соҳаи мусоидат ба содирот ва нақши ширкатҳои машваратӣ дар рушди корхонаҳои хурду миёна мебошад.

Дар чорабинӣ намояндагони соҳибкорони хусусӣ, ташкилотҳои машваратӣ, созмонҳои байналмилалии самти рушди тиҷорати хурд ва миёна, мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Мушовири калони иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ М.Мадҷонова оѓоз намуда, оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ, хизматрасониҳои машваратӣ дар соҳа, пайгирӣ ва ҳалли масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ибрози назар намуд.

Барномаи самти мазкурро Парвиз Акрамов, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба Мусоидати лоиҳаи тиҷоратҷ муаррифӣ намуда, ҳамзамон Фиорентсо Сперотто роҳбари Лоиҳаи NICE-TAK, Иттиҳоди Аврупо дар чорабинӣ суханронӣ намуд.

Сипас, иштирокчиён дар гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои сиёсати ҳимоя, хизматрасониҳои Рушди тиҷорат, хизматрасонии рушди тиҷоратӣ барои пешбурди содирот табодули афкор намуда, дар ҷамъбаст тавсияҳои мизи мудаввар қабул гардид.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид