14-12-2017

Таҷлили 10-умин солгарди Шӯрои машваратӣ

Имсол аз таъсиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ 10 сол сипарӣ мегардад. Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 декабри соли 2007 таъсис ёфта, дар муддати 10 соли фаъолияти худ таҳти сарварии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути гузаронидани ислоҳотҳо ва таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ ва арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи махсусро касб намудааст.

То имрӯз таҳти сарварии Пешвои миллат чандин масъалаҳои муҳимтарини самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ пайгирӣ ва вобаста ба онҳо 17 ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ баргузор карда, ҷиҳати татбиқи ислоҳоти зарурӣ барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар самтҳои соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, низоми иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон, ташкили низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ ислоҳоти манфиатнок гузаронида шуданд, ки ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.

Вобаста ба ин, санаи 20 декабри соли 2017 дар Мизи мудаввар дар мавзӯи “Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - ибтикори Пешвои миллат баҳри рушди устувор” баргузор мегардад.

Дар назар дошта шудааст, ки дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти давлатӣ, шарикон, бахши хусусӣ, олимону коршиносон ва сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок мекунанд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид