20-12-2017

Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ – ибтикори Пешвои миллат баҳри рушди устувор

Имрӯз, дар МД «Душанбе-Плаза»-и пойтахт бахшида ба 10 – солагии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Мизи мудаввар дар мавзӯи “Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - ибтикори Пешвои миллат барои рушди устувор” баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид, Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, роҳбарияти вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати кишвар, аъзои Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ва намояндаҳои сармоягузорони хориҷӣ, Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо, ассотсиатсияҳо ва дигар намояндаҳои бахши хусусии ватаниву хориҷӣ иштирок ва вобаста ба нақш ва саҳми Шӯрои машваратӣ дар ислоҳоти беҳсозии фазои сармоягузорӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, фардои муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, масъалаҳои татбиқи сиёсати Президенти мамлакат дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва арзёбии дигар ислоҳоти дар доираи Шӯро гузаронидашуда, баён намуданд.

Ҳамзамон, Роҳбари Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Швейтсария, хонум Валбурга Рус ва Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, муовини Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Манижа Мамаднабиева бо суханҳои ифтитоҳои худ баромад намуданд.

Аз ҳисоби бахши хусусӣ Файзали Раҷабов – Раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусӣ, Ален Бартез, Директори Генералии ҶСП “Шивер Тоҷикистон”, Алишер Шерназаров - Директори Биржаи фондии Осиёи Марказӣ, Маъруф Бузургхоҷаев - Директори ҶДММ “Исфара фуд”, Талбӣ Шоев - Директори Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи «ИНТЕРМЁД», Комилҷон Иброҳимов - Раиси ҶДММ “Барқсохтмонлоиҳакаш” баромад ва пешниҳодоти худро ҷиҳати боз ҳам беҳтар шудани фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва самтҳои рушди бахши хусусӣ манзур намуданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ қайд карданд, ки то имрӯз таҳти сарварии Пешвои миллат чандин масъалаҳои муҳими беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ пайгирӣ ва дар ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ тавассути қабули қарорҳои дахлдор ҳаллу фасл карда шудааст.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки татбиқи минбаъдаи чандин ислоҳоти дигар, ки дар доираи фаъолияти Шӯро ба нақша гирифта шудааст, барои боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ, устувор намудани саҳми бахши хусусӣ дар ММД ва тавассути он беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ ва муаррифии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун кишвари фароҳамовари фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ мусоидат хоҳад кард.

Қобили қайд аст, ки Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 19 декабри соли 2007, № 356 таъсис дода шуда, дар натиҷаи дар доираи он ба роҳ мондани ҳамкориҳои самараноки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратӣ бо тими Пешбурди соҳибкории Бонки Ҷаҳонӣ мавқеи ҷумҳурӣ дар Ҳисоботи Пешбурди соҳибкорӣ барои соли 2018-ум 5 зина боло рафта, аз ҷойи 128 дар соли 2017 ба ҷойи 123 қарор гирифт ва соли 2015 бошад, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳамчун майдони беҳтарини муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар арсаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда ва бо ҷоизаи байналмилалии «Ҳовард»-и Бонки ҷаҳонӣ сарфароз гардонида шудааст.

Атрофи масъалаҳои дар чорабинӣ баёнгардида миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, тавсияҳои мизи мудаввар қабул гардид.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид