26-01-2018

Баргузории ҷаласаи XVIII Шӯрои машваратӣ

Имрӯз, таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVIII Шӯро баргузор гардид.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро оѓоз намуда, нахуст, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -Ҳамрализода Фаррух, Роҳбари Намояндагии бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - хонум Айтен Рустамова, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - Шерализода Шараф ва аъзои нави Шӯрои машваратиро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.

Сипас, оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, рафти иҷрои ќарорҳои Шӯрои машваратӣ гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух шунида шуд.

Дар ин робита оид ба тасдиќи Методологияи нави тарифӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2017 ва аз моҳи октябри соли сипаришуда мавриди амал ќарор гирифтани он, устуворшавии мавќеи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ, соли 2017 то ба 52%коҳиш ёфтани шумораи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор нисбат ба соли 2016, моҳи августи соли 2017 дар сатҳи "B3 – рушди устувор" муќаррар шудани рейтинги кредитии соҳибихтёрии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии рейтингии байналмилалии Moody's Investors Service ва Агентии Standard and Poors иттилоъ дода шуд.

Масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа ба таҳлили беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахшҳои наќлиёт ва логистика ва лоиҳаи Наќшаи чорабиниҳо дар ин самт бахшида шуда, вобаста ба натиҷаҳои он гузориши Вазири наќлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр шунида шуд.

Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, дар бораи фаъолияти Шӯрои минтаќавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди Раиси вилояти Суғд гузориш дод.

Тибќи банди чоруми рӯзномаи ҷаласа натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Наќшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молияро Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода муаррифӣ намуд.

Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа, Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамрализода Фаррух баромад карда, масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар бахши маориф ва илм, инчунин муаррифии таҳлили масъалаҳои низоми андозбандию гумрукӣ ва самаранокии имтиёзҳои пешниҳодшавандаро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд ва аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ гардид.

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа инчунин Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд - Кристин Лаабс, Роҳбари Намояндагии бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Айтен Рустамова, Роҳбари Намояндагии Бонки Рушди Осиё – Прадип Шривастава, Роҳбари Оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ - Ҳидеки Танабе, Директори ҶДММ “Корпоратсияи Моҳии Тоҷик” – Суҳроб Давлатов, Директори кооперативи “Зиндагӣ” – Зеваршои Рустам, Раиси ҶДММ “Таджиквнештранс” – Абдумумин Абдусамадов, Раиси ҶСК “Казкоммерсбонк Тоҷикистон” – Рамеш Худоиев и Директори ҶСК “Биржаи Осиёи Марказӣ” – Алишер Шерназаров ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳо, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиќи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ташкили инфрасохтори зарурӣ дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, мушкилии соҳаи бонкдорӣ, куллан ба роҳ мондани ислоҳоти низоми бонкӣ дар кишвар ва масъалаҳои дигари ҷаласа ибрози назар намуданд муҳим арзёбӣ шуд.

Дар хотимаи ҷаласа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаро ҷамъбаст намуда, вобаста ба нуќтаҳои дар он зикргардида ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор дастуру супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳо доданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид