09-02-2018

Тадбирҳо баҳри баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ

Нимаи дуюми имрўз, дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурўҳи кории салоҳиятнок оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Гурўҳи корӣ, намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд.
Ҷаласаро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби масъули Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Ҳамрализода Фаррух ифтитоҳ намуда, вобаста ба нуқтаҳои муҳими корбарӣ ва таъмини устуворшавии мавқеи ҷумҳурӣ дар арзёбиҳои байналмилалӣ, бахусус ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ ибрози назар намуд.
Тавре Раиси Кумита, Ҳамрализода Фаррух қайд намуд, тибқи супориши протоколии ҷаласаи 17-уми Шўрои машваратӣ соли дуюм аст, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ вобаста ба пайгирии ислоҳот дар самти соддагардонии расмиёти танзими фаъолияти соҳибкорӣ, дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Гурўҳи кории салоҳиятноки байниидоравӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ фаъолият менамояд.
Дар ин замина Кумита якҷо бо Котиботи Шўрои машваратӣ таҳлили муфассали мавқеи кишварро аз рўи нишондиҳандаҳои алоҳидаи ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» гузаронида, бо назардошти таҷрибаи байналмилалии татбиқи ислоҳот дар самти соддагардонии расмиёти танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои пешбурди соҳибкорӣ тавсияҳои мушаххасро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои дахлдор ирсол намудаанд.
Ёдовар бояд шуд, ки тибқи супориши протоколии ҷаласаи XVIII-уми Шўрои машваратӣ аз 26 январи соли 2018, марҳилаи минбаъдаи раванди мазкур аз таҳияи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумат оид беҳтар намудани мавқеи кишвар дар арзёбии “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ дар таҳрири нав ва пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардани он иборат мебошад.
Қаблан, моҳи декабри соли гузашта бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт як қатор ҷаласаҳои Гурўҳи кории салоҳиятнок ҷиҳати баррасии ислоҳоти татбиқшавандаи Ҳукумат оид ба соддагардонии расмиёти танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва самтҳои минбаъдаи он доир гардида буд.
Дар ҷаласа оид ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ муаррифнома пешниҳод гардида, иштироккунандагон атрофи масъалаҳои матраҳгардида мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Ҷаласаро Раиси Кумита, Ҳамрализода Фаррух ҷамъбаст намуда, вобаста ба ин, Гурўҳи корӣ ва масъулони соҳа ҷиҳати амалисозиҳои тадбирҳои зарурӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намудани талаботу супоришҳои самти мазкур, аз ҷумла пешниҳоди руйхати субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор барои таҷдиди назар ба респондентҳои ҳисобот омода ва пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба дастовардҳои ислоҳот дар самти соддагардонии танзими фаъолияти соҳибкорӣ дар соли 2017 барои пешниҳод ва арзёбӣ аз ҷониби ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки ҷаҳонӣ вазифадор карда шуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид