14-02-2018

Мулоқот бо шарикони рушд

Имрӯз, дар бинои Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо шарикони рушд мулоқот баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони шарикони рушд, ҳамчунин кормандони Котиботи Шӯрои машваратӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ш. Шерализода ифтитоҳ намуда, бо пазироӣ аз ташрифи меҳмонон мухтасаран оид ба фаъолияти Шӯрои машваратӣ, вобаста ба ҳамкориҳо ва масъалаҳои калидии раванди ислоҳот, татбиқ ва натиҷаҳои он, дастовардҳои асосии Шӯрои машваратӣ дар соли 2017, нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти он, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаҳои гуногун ибрози назар намуд.

Сипас, намояндагони шарикони рушд Шараф Шерализодаро бо таъин гардидан ба вазифаи Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ табрик намуда, омодагии худро барои ҳамаҷониба идома ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи ислоҳот, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ изҳор доштанд.

Роҳбари Намояндагии доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова зимни баромади худ пешниҳод намуд, ки ба ҷаласаи Шӯрои машваратӣ баъзе сармоягузорон, аз Ҷумҳурии Халқии Чин, ки ба Тоҷикистон беш аз 50% -и сармоягузориҳои мустақим ворид намудаанд, даъват карда шаванд. Ҳамчунин илова намуд, ки масъалаҳои ширкатҳои байналмилалии логистикӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз буда, барои ҳарчӣ зудтар ҳал намудани он тадбирҳо андешидан зарур аст. Малика Иброҳимова, намояндаи Дафтари Агентии Швейтсария оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон бо мақсади баррасӣ ва ҳалли баъзе масъалаҳо ҷиҳати дар сатҳи муовини аввали Сарвазир баргузор намудани ҷаласаҳои Шӯрои машваратӣ ибрози назар намуд. Зимни посух ба ин пешниҳод қайд гардид, ки тибқи Регламенти Шӯрои машваратӣ дар ҳолатҳои зарурӣ баргузор намудани ҷаласаҳои ѓайринавбатӣ ва сайёр дар назар дошта шуда, ба ин масъала, аз ҷумла баргузории ҷаласаҳои байнисессиявӣ тибқи ваколатҳо Шӯро таваҷҷӯҳи бештар дода хоҳад шуд.

Намояндаи Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Зарина Одинаева дар бораи ҳамкориҳои муштарак дар бахши молиявӣ ва дар ин замина ҷиҳати ташкил намудани мулоқоти ҷонибҳои дахлдори ин бахш пешниҳод манзур намуд. Питер Фернандес Карди, Роҳбари Намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (DFID) дар Тоҷикистон иброз дошт, ки ташкилот, инчунин Департаменти Осиёи Марказии ин созмон омодаанд, ҳамкориҳоро дар самти баланд бардоштани самаранокии муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон, бахусус муколамаи фаъолро бо бахши хусусӣ тақвият бахшанд. Иқтисодчии Намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон Муҳаммадӣ Бобоев қайд кард, ки бонки мазкур ба масъалаҳои муосирсозии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон таваҷҷуҳи хосса дошта, омода аст, дар ин самт ҳамаҷониба бо Шӯрои машваратӣ ва Котибот ҳамкорӣ намояд. Танабе Ҳидеки, Роҳбари Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароит ва имконият ба ӯ, ҷиҳати дар ҷаласаи 18-уми Шӯрои машваратӣ муаррифӣ намудани масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо, бахусус дар соҳаи нақлиёт ва логистика ба Котиботи Шӯро изҳори сипос намуда, барои гузаронидани мониторинг ва пайгирӣ, мубодила ва натиҷаҳои минбаъдаи ин масъаларо бо Намояндагӣ мувофиқи мақсад арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, Ҳидекӣ Танабе пешниҳод кард, ки Роҳбари Котибот Шараф Шерализода мунтазам ба вохӯриҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд даъват карда шавад. Манижа Мамаднабиева, Роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон, муовини Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд ин пешниҳодро дастгирӣ намуда, Роҳбари Котиботро барои иштирок дар ҷаласаи навбатӣ дар моҳи феврал даъват намуд.

Дар мулоқот иштирокчиён ҳамчунин оид ба масъалаҳои маъмурикунонии андоз ва фаъол намудани корҳо ҷиҳати муҳокимаи он бо иштироки васеи ҳама ҷонибҳои ба ин масъала ҳавасманд, таҳияи дастурамали намунавӣ барои гузаронидани таҳлилҳои соҳаҳои гуногун мулоҳизаронӣ ва пешниҳодҳо манзур намуданд.

Қисмати ниҳоии ҷаласа ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ бахшида шуд, ки он аз ҷониби Роҳбари Котибот пешниҳод гардида, иштирокчиён фикру ақидаҳои худро вобаста ба он баён намуданд. Кристин Лаабс, Роҳбари Бонки рушди “KfW” дар Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд барои омодасозии ҷаласаҳои Шӯро гузаронидани якчанд мулоқоти якҷояро пешниҳод намуд. Наргис Юсуфбекова пешниҳод намуд, ки вобаста ба масъалаҳои андоз таҳлилҳои ҳамаи гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои андоз, аз ҷумла таҳлили аз ҷониби Ассотсиатсияи соҳибкории хурду миёна оид ба қонунигардонии соҳибкории инфиродӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо гузаронидашуда ба назар гирифта шавад. Танабе Ҳидеки ворид намудани масъалаи бахши тандурустиро ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ пешниҳод намуд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ, Шараф Шерализода барои иштироки фаъолонаи шарикони рушд дар мулоқот изҳори сипос намуда, қайд кард, ки пешниҳодоти манзургардида дар амалисозии нақшаҳо ҷиҳати татбиқи ислоҳот ва таъмини сохторҳои дахлдор дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид