22-02-2018

Мулоқот бо аъзои Шӯрои машваратӣ

Нимаи дуюми имрӯз, дар бинои Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо аъзои Шӯрои машваратӣ мулоқот баргузор гардид.

Мулоқотро Роҳбари Котибот Шараф Шерализода ифтитоҳ намуда, нахуст интихоб шудани онҳоро ба ҳайси аъзои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муборакбод намуд. Шараф Шерализода мухтасаран оид ба ваколату вазифаҳо, доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ ва аъзои он, раванд ва татбиқи ислоҳоти иқтисодию соҳибкорӣ, натиҷаю дастовардҳои асосии Шӯрои машваратӣ, масъалаҳои гуногунҷанбаи фаъолияти Шӯро ва нақшаҳои минбаъдаи он ибрози назар кард.

Дар мулоқот масъалаҳои ҷаласаи XVIII Шӯро аз 26 январи соли 2018, пайгирӣ ва татбиқи қарорҳо, мавзӯъ ва масъалаҳои ҷаласаҳои минбаъда ба таври муфассал баррасӣ гардид.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда аъзои Шӯро, аз ҷумла Ҳомидов Акмал, Директори ҶДММ «Фабрикаи қаннодии Амирӣ», Давлатов Суҳроб, Директори ҶДММ Корпоратсияи “Моҳии Тоҷик”, Бозоралӣ Одина, Роҳбари ҶСК “Комбинати шири Кӯлоб”, Икромова Нигина Директори иҷроияи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Ризоев Асомуддин, Директори ҶДММ «Рахш ЛТД», Негматуллоева Равзанабону, Роҳбари ҶДММ Ресандаи Тоҷикистон”, Зоолшоев Асадшо Директори Ассотсиатсияи сайёҳии Эко-фарҳангии Помир (АСЭФП) ва Зеваршои Рустам, Директори Кооперативи “Зиндагӣ” фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодоти худро баён намуданд.

Қобили қайд аст, ки тибқи қарори ҷаласаи XVIII Шӯро, шумораи аъзои намояндагони бахши хусусӣ аз 5 нафар то 14 нафар расонида шуд. Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XVII Шӯрои машваратӣ, аз 30 январи соли 2017 барои аз ҳисоби намояндагони бахши хусусӣ васеъ намудани иштирокчиёни ҷаласаҳои минбаъдаи Шӯро, супориш дода буданд, ки ин иқдоми навбатӣ ва баёнгари таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти сатҳи олии давлат ба мунтазам таҳким бахшидани раванди майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, инчунин ҷалби фаъолонаи бахши хусусӣ ба раванди қабули қарорҳои дахлдор дар самти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ мебошад.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ, Шараф Шерализода зимни ҷамъбасти мулоқот изҳори итминон намуд, ки саҳми аъзои Шӯро дар таъмини фаъолияти самараноки он, таҳким бахшидани ҳамкориҳо бо соҳибкорону сармоягузорон, мақомоту идораҳо, таҳия ва пешниҳоди масъалаҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, амалисозии нақшаҳо дар самти татбиқи ислоҳот, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар муассир мегардад ва дар ин самт ба аъзои Шӯрои машваратӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид