09-03-2018

Баргузории Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Дар доираи ташрифи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми имрӯз дар «Кохи Истиқлол» - и пойтахт Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Қобили қайд аст, ки баргузор гардидани чорабиниҳо ва вохӯриҳои муштараки дуҷониба туфайли иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаи роҳбарони ҳар ду давлат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович имконпазир гардида, чунин раванд мунтазам густариш ёфта истодааст.

Дар чорабинӣ атрофи имониятҳои сармоягузориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, зарурати истифодаи ҳарчӣ бештари заминаҳои мавҷудаи ҳамкориҳо ва дигар масъалаҳо мулоҳизарониҳо сурат гирифт. Соҳибкорон, мақомоту идораҳои давлатӣ, иштирокчиёни чорабинӣ дар мулоқотҳои алоҳида, дар қолаби BxB ва BxG вобаста ба имкониятҳои ҳамкориҳои минбаъда мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ, як қатор қарордод ва санадҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расонида шуд.

Дар Намоишгоҳи имрӯзаи фурӯши молу маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон чандин намуд маҳсулоти саноатии ин кишвар гузошта шудааст, ки соҳибкорону шаҳрвандон метавонанд аз он дидан ва харидорӣ намоянд.

Ёдовар бояд шуд, ки моҳи апрели соли 2017 нахустин намоишгоҳи ярмаркаи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Душанбе баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 160 ширкат ширкат варзиданд. Дар намоишгоҳ - ярмаркаи маҳсулоти саноатие, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Тошкент баргузор гардид, беш аз 150 ширкат аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Тибқи маълумотҳо миқдори умумии қарордодҳои имзошуда ва як қатор созишномаҳо барои соли 2017 тақрибан 80 млн. доллари ИМА-ро ташкил намудааст. Дар Тоҷикистон 9 ширкат бо сармоягузориҳои Ӯзбекистон ва 24 ширкат бо сармоягузориҳои соҳибкорони тоҷик дар Ӯзбекистон фаъолият доранд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид