08-03-2018

Ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Форуми сармоягузорӣ таҳти унвони «Тоҷикистон: Имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва сайёҳӣ»

8 марти соли 2018 дар шаҳри Брюссел дар доираи ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Форуми сармоягузорӣ таҳти унвони «Тоҷикистон: Имкониятҳои нави сармоягузорӣ ва сайёҳӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони ширкатҳои бонуфузи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, сохторҳои гуногуни Иттиҳоди Аврупо ва Шоҳигарии Белгия, Парлумони Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд иштирок намуданд.

Дар форум Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии кишвари мо дар созмони Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аз иштироккунандагони форум барои ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманд миёни Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои узви созмон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.

Муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода оид ба имконият ва бахшҳои асосии иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла истихроҷи маъдан, энергетика, саноати бофандагӣ, сохтмон, кишоварзӣ муаррифнома пешниҳод намуд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Шараф Шерализода ба саволҳои иштироккунандагон вобаста ба раванди ислоҳот ва натиҷаҳои бадастомада дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, дастгирии фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ, дар ин замина фароҳам будани майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ ва татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ посух дод.

Таваҷҷӯҳи иштироккунандагон махсусан ба соҳаҳои сайёҳӣ, ки солҳои охир афзоиши сайёҳон, бахусус аз мамлакатҳои Аврупо назаррас мебошад, ҷалб карда шуд. Тавре зикр гардид, соли ҷорӣ бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ», эълон гардидааст, ки он барои ҳамкорӣ дар бунёди инфрасохтори соҳа шароити мусоид фароҳам хоҳад овард.

Ба таваҷҷӯҳи иштироккунандагони форум наворҳо дар бораи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Роҳбари бахши Хадамоти робитаҳои хориҷии Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Борис Ярошевич, мушовири роҳбарияти Бонки сармоягузории Аврупо Шираз Каруи, роҳбари Намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Брюссел Гуилим Ҷонс зимни таҳлили вазъи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйиротҳои дар самти фазои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои барои сармоягузорон пешбинишударо таъкид намуда, аз иштироккунандагон барои ҳамкории созанда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид