16-03-2018

Шиносоӣ бо Маркази хизматрасонии ҷамъиятии шаҳри Тбилиси

Нимаи дуюми 14 март кормандони Котибот аз Маркази хизматрасонии ҷамъиятӣ (Public Services Hall )-и шаҳри Тбилиси боздид намуданд. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти муассиса, кормандони маркази мазкур оид ба раванди ташкили кор дар марказ, намудҳои хизматрасонӣ, самаранокии фаъолияти он вобаста ба муҳлатҳо ва маблағҳои хизматрасонӣ, доираи иштироки бахши хусусӣ дар раванди хизматрасонӣ, имконияти хизматрасониҳои иловагӣ дар марказ иттилоъ доданд. Вобаста ба саволҳои аз тарафи кормандони Котибот матраҳшуда посух дода шуд.
Ҳамзамон, нимаи дуюми 16 март дар Дафтари кории Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Гурҷистон мулоқоти намояндагони Котибот бо муовини раиси Маркази хизматрасонии ҷамъиятии шаҳри Тбилиси, Гиви Чануквадзе анҷом дода шуд.
Дар ин мулоқот номбурда оид ба масъалаҳои таъсис ва фаъолияти Маркази хизматрасонии ҷамъиятӣ дар Гурҷистон муаррифнома пешниҳод намуд. Иттилоъ дода шуд, ки аввалин маротиба чунин маркази хизматрасонӣ соли 2011 дар шаҳри Батумии Гурҷистон таъсис ёфта, айни замон шумораи он то ба 16 адад расидааст. Дар ин мулоқот оид ба механизмҳои амалисозии марказ маълумотҳои муфид пешниҳод гардид.
Аз мулоқоти мазкур ва шиносоии қаблӣ бо фаъолияти Маркази хизматрасонии ҷамъиятӣ маълум гардид, ки амалисозии хизматрасониҳои давлатӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи хуби ташкилию техникӣ ба роҳ монда шудааст ва он қобили таваҷҷӯҳ буда, татбиқи он хеле муҳим ва муфид арзёбӣ мегардад.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид