12-07-2018

Таъсиси гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ва илм ва баргузории ҷаласаи якуми он

Тибқи банди 9-и Протоколи ҷаласаи 18-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ супориш дода шудааст, ки Вазорати маориф ва илм якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби вазорату идораҳо, бахши хусусӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд гурӯҳи корӣ таъсис дода, оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ва илм таҳлилҳои ҳамаҷониба гузаронанд ва натиҷаҳои онро бо тавсияҳои мушаххас ба ҷаласаҳои ояндаи Шӯро пешниҳод намоянд.

Ҷиҳати иҷрои супориши қайдгардида бо фармоиши Вазири маориф ва илм №2183 аз 06.06 2018 дар назди Вазорат гуруҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуда, санаи 12 06.2018 ҷаласаи якуми худро баргузор намуд. Дар ҷаласаи нахустини гуруҳи корӣ масъалаҳои гуногуни ҷалби бахши хусусӣ барои сармоягузорӣ дар бахши маориф ва илм, аз ҷумла таъсиси муассисаҳои томактабӣ, литсей ва гимназияҳо, ҳунаристонҳо ва колеҷҳо, донишкада ва донишгоҳҳо муҳокима карда шуд.

Тибқи муҳокимаҳо монеа ва мушкилоти асосии рушди саҳми бахши хусусӣ дар соҳаи маориф ва илм андозбандии муассисаҳои таълимию илмӣ, аз ҷумла муассисаҳои хусусии соҳа, ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтани муассисаҳои хусусии таълимию илмӣ, санҷиши мақомоти дахлдор ва болоистода, аз ҷониби мақомоти соҳавӣ эътироф нашудани санадҳои санҷишии байниҳамдигарӣ (санҷиши шӯъбаи маорифи ноҳияро раёсати маорифи шаҳрӣ эътироф наменамояд) ва ғ. ба ҳисоб мераванд.

Тибқи муқаррароти гуруҳи корӣ дар ҷаласаи ояндаи гуруҳи корӣ намояндаҳои васеътари мактабу литсей, боғчаи бачагона, колеҷ ва донишгоҳҳо ба гуруҳи корӣ даъват карда мешаванд.

Интизор меравад, ки Ҳисоботи гуруҳи корӣ, бастаи тавсияҳо ва лоиҳаи санади дахлдор оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ва илм то баргузории ҷаласаҳои ояндаи Шӯро омода карда мешаванд. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид