15-11-2018

Саммити Экосистемаи Стартапҳо таҳти унвони “Ҳамкории минтақавӣ баҳри рушди соҳибкории технологӣ”

Имрӯз 14-уми ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” бо иштироки ҳайатҳои соҳибкорону коршиносон ва масъулини воломақоми бахши хусусӣ аз кишварҳои Россия, Гурҷистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон нишасти коршиносони “Саммити Экосистемаи Стартапҳо” ба кори худ оғоз бахшид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Машварати иноватсионӣ” ва бахши хусусию шарикони рушд баргузор гардид.
Дар нишасти мазкур ҷонибҳо аслан сари 4 мавзуи меҳварӣ табодули назар намуданд:
  1. Стартап-экосистемаи Осиёи Марказӣ: танзими фазои соҳибкорӣ.
  2. Асосҳо барои рушди систематикии стартапҳо.
  3. Сармоя ва зарфиятҳои молӣ барои стартапҳо.
  4. IT-стартапҳо ҳамчун заминаи аслии иқтисоди рақамӣ.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин баланд бардоштани нерӯ ва сафарбар намудани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, баланд бардоштани рақобат бо истифодаи технологияҳои муосир, ҷалби бештари ҷавонон ба соҳибкорӣ ба воситаи муҳайё кардани шароит ҷиҳати рушди “стартап”-ҳо, баррасии имкониятҳои ҳамкории минтақавӣ миёни намояндагони бахши хусусии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин пешбинии амалисозии лоиҳаҳои муштараки тиҷоратӣ миёни соҳибкорони минтақа мебошад.
Барои натиҷагирии фарогир аз чорабинии мазкур, иштироки фаъоли намояндагони мақомоти давлатӣ аз вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ ва шарикони рушд даъват ва таъмин шудааст.
Дар назар аст, ки ҳамчун натиҷаи ҷамъбастии ин нишаст, қарордод дар хусуси ҳамкориҳои минбаъдаи намояндагони бахши хусусии минтақаи Осиёи Марказӣ дар самти соҳибкории технологӣ қабул карда шавад.
Ташаббускорони ин нишаст интизорӣ доранд, ки чорабинии мазкур хусусияти анъанавӣ пайдо карда, ҳамасола дар кишварҳои гуногуни минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид