16-08-2019

Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси андоз дар бахши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ

15 августи соли 2019 ҷаласаи шашуми Гурӯҳи корӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ, намояндагони бахши хусусии соҳаи бахши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва коршиносон иштирок намуданд.

Ҷаласаро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Шараф Шерализода ифтитоҳ намуд.

Тавре қайд карда шуд, дар ҷаласаи навбатӣ кормандону мутахассисони бахши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ иштирок дошта, ҷамъоварӣ ва баррасии пешниҳодоти ассосиатсияҳо ва коршиносони соҳавӣ барои таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав муҳим арзёбӣ гардид.

Дар ҷаласа аз ҷумла, Дадабоев Т.Д. мушовир оид ба масъалаҳои андози ҶСП “Индиго Тоҷикистон” , Ғафурова С., Хоҷаев А., намояндаи ҶСП “Индиго Тоҷикистон”, Нуъмонов Т.И., Ҷалолов Ҷ. коршинос Д. Қурбоналиев мулоҳизаҳо ва пешниҳодоти худро манзур намуда, дар ин раванд байни онҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар ин нишаст масъалаҳо оид ба мухолифати санадҳои қабулгардида дар соҳаи андоз, бартараф намудани талаботҳои иловагӣ ҳангоми бақайдгирӣ, ҳолатҳои андозбандии фаъолияти резидент ва ғайрирезидентҳо дар соҳа, дар кодекс муайян кардани манбаи суди сармоя, баҳисобгирии хароҷотҳо барои таъмир ва қисмҳои эҳтиётӣ, бартараф кардани ҳолатҳои баҳисобгирии натиҷаҳои даромад новобаста аз кам будани он нисбат ба соли гузашта, масъалаи мушаххас намудани мақомот оид ба пешниҳоди тавзеҳот, бартараф намудани шумораи зиёди иқтибосу шарҳҳо, паст кардани меъёрҳои ҷарима барои пардохти андозҳо, ба ҳисоби андозсупорӣ ворид кардани хизматрасониҳои ройгон, бартараф намудани маҳдудиятҳо барои реклама, мушкилоти қурби асъор, коҳиш додани ҳолатҳои номуайяни андоз, ки сабаби даст кашидани сармоягузорон аз фаъолият мегардад, мушкилоти андозсупорӣ вобаста ба иҷораи иншоот, бартараф намудани шумораи зиёди тавзеҳдиҳии кормандони андоз ва санадҳои дохилиидоравии мақомоти масъули андоз, мушаххас дарҷ намудани тамоми масъалаҳо дар кодекс, мутобиқ намудани ҳолатҳои андозсупорӣ ба манфитаҳои сармоягузори хориҷӣ, бартараф намудани таъсиррасонии дахолати дигар мақомотҳо ҳангоми муайян кардани сарбории андозҳо, ташкили фазои махсус бо пардохти меъёри камтари андоз дар соҳаи ТИК, озод намудани корхонаҳо бо шумораи камтар аз 5 нафар аз андози ҳифзи иҷтимоӣ, паст кардани меъёри андоз ба барномасозони компютерӣ қайд карда шуд.

Коршиноси соҳаи андоз Даврон Қурбоналиев оид ба пешниҳодоти манзурнамудаи иштирокчиён як қатор суолҳоро матраҳ ва вобаста ба онҳо ва посухи иштирокчиён фикру пешниҳодоти худро баён намуд.

Дар хотима қарор карда шуд, ки фикру пешниҳодҳо вобаста ба бахши технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ манзур, мураттаб ва барои ирсол ба мақомоти дахлдор омода карда шавад.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид