03-09-2019

Ҷаласаи дуюми ГК оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ

Имрӯз дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар назди Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ, намояндагони вазорату идораҳо, коршиносони соҳа, кормандони хадамот иштирок намуданд.

IMG-b1afe7819735bef3292da8a7ef86e427-V.jpg

Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атоев И. Ҷ. аз ҷумла қайд кард, ки ҷаласаи якуми Гурӯҳи корӣ 30 июли соли 2019 баргузор гардида, тибқи супориши протоколии он масъалаҳои таҳлилшавандаи соҳа ва лоиҳаи мундариҷаи ҳисобот бо назардошти мулоҳизаҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиёни ҷаласаи мазкур аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таҳия ва ба баррасии ҷаласаи имрӯза пешниҳод карда шудааст.

Сипас, масъалаҳои таҳлилшавандаи соҳа мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он фикру мулоизаҳои аъзои Гӯруҳи корӣ пешниҳод гардид. Дар ҷаласа инчунин намояндаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати технологиҳои иттилоотию коммуникатсиониро ва истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ дар назди Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи зербанди 1, банди 8 протоколи ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ аз 20 феврали соли 2019 бо фармоиши Сардори Хадамот аз 23 июли соли 2019 таъсис дода шудааст.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид