10-09-2019

Мулоқот бо ҳайати мушовирони Шӯрои директорони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Нимаи дуюми имрӯз дар идораи кории Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мулоқот доир гардид. Дар он ҳайати мушовирони Шӯрои директорони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд роҳбарият ва кормандони Котиботи Шӯрои машваратӣ иштирок намуданд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ш. Шерализода ҳайати мушовиронро пазироӣ ва вобаста ба раванди ислоҳот ва дастовардҳо дар самти мазкур муаррифӣ манзур намуд.

Намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориҳо бо ҷумҳурии моро дар раванди ислоҳот, аз ҷумла дар самтҳои соҳибкорию сармоягузорӣ, инчунин таҳким бахшидани раванди мазкурро муҳим арзёбӣ намуданд.

Қобили зикр аст, ки 1 июли соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкории зичу пурсамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон бо маблағи 755 миллион доллар 127 лоиҳаи гуногун татбиқ гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 22 лоиҳаи сармоягузорӣ тавассути маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми беш аз 520 миллион доллар амалӣ гардида истодааст.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид