01-11-2019

Баргузории Бизнес-форуми минтақавии бонувони соҳибкор

Санаи 1-2 ноябри сол ҷорӣ, дар меҳмонхонаи «ҲАЯТ РЕҶЕНСӢ», Душанбе дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо ҳамкории ассосиатсияҳои соҳибкорӣ ва шарикони рушди Тоҷикистон Бизнес-форуми минтақавии бонувони соҳибкор ва намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулот ЭКСПО-2019 баргузор намуд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарони ассосиатсияҳои бонувони соҳибкор, шарикони рушд, коршиносони байналмилалї аз кишварњои Осиёи Марказї ва ВАО иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани чорабинӣ ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкории бонувони ташаббускори тоҷик, дар як вақт тавсеаи дастрасии занон ба малакаҳои зарурӣ, рушд ва дастгирии ҳунармандӣ миёни занон, аз ҷумла дар бахши саноати сабук маҳсуб меёбад.

Чорабинии мазкурро Роҳбари Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Нигина Анварӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Идигули Тағо, Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон - Ҷон Гинкель, Муовини намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон - Наоко Такасу, Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, - Мэрилин Джозефсон, Роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон - Айтен Рустамова бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.

Дар доираи Бизнес – форум як қатор соҳибкорзанони фаъоли ҷумҳурӣ барои саҳми арзанда дар рушди соҳибкории иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ бахшида ба 5-умин солгарди «Рузи соҳибкорон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Раҳматнома”- и Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Љумњурии Тољикистон сарфароз гардонида шуданд.

Чорабинӣ се бахши асосиро, ки вобаста ба заминаи ҳуқуқии соҳибкории иҷтимоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, барномаҳои дастгирии васеъ намудани имкониятҳои занон дар минтақа, самтҳои иқтидории рушд дар соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таърихи муваффақиятҳо ва иқтидории рушди минтақавиро дар бар мегирифт, бо мубодилаи афкор анҷом ёфт.

Ҳамзамон, рузи дуюми Бизнес - форум бо мизи мудаввар, сабақҳои коршиносон (мастер-классҳо) ва намоиши мол ва хидматҳо, ки маҳсули меҳнати занҳои соҳибкор дар самти сайёҳӣ, ҳунармандӣ, агросаноатӣ, нассоҷӣ ва дигар соҳаҳоро идома ёфт.

Мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди соҳибкории ҳунармандӣ дар Осиёи марказӣ: аз стандартикунонӣ то фурӯши молу маҳсулот” ва сабақҳои коршиносон вобаста ба рангкунии маҳсулоти кулолӣ – сафолӣ, истеҳсоли лӯхтакҳо ва санъати гулдузӣ доир карда шуданд.

Дар доираи чорабинӣ инчунин намоиши ярмаркаи маҳсулоти њунарњои мардумии занҳои соҳибкор баргузор гардид.

Дар анљоми кори форум, иштирокчиён як қатор тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани имконият барои соҳибкории занон ва тадбирҳои дастгирии давлат барои пешбурди соњибкории занон ќабул намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид