02-03-2020

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва иқтидори содиротии бахши кишоварзӣ»

Санаи 26 феврали соли ҷорӣ соати 08:30-13:00 дар меҳмонхонаи “Атлас”, шаҳри Душанбе дар ҳамкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва иқтидори содиротии бахши кишоварзӣ” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои манфиатдор, созмонҳои ғайридавлатӣ ва доираҳои соҳибкорӣ, ташкилоти байналмилалии дар ин самт фаъолияткунанда иштирок намуда, вазъи мавҷуда ва мушкилоти ҷойдоштаи низоми идоракунии истифодаи заҳрхимикатҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ бо мақсади баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва ҷалби сармоя ба бахши кишоварзӣ баррасӣ намуданд.

Аз ҷумла, зимни ироаи суханронии ифтитоҳи мушовири калони иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратӣ, Манучеҳра Мадҷонова вобаста дастури Раиси Шӯрои машваратӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 12 феврали соли 2020 оид ба эътибори махсус додан ба воридоту истифодаи бемаврид ва нодурусти пеститсидҳо, моддаҳои химиявӣ ва дигар воситаҳои биологӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ қайд кард.

Зеро мувофиқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ истифода намудани моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои биологӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва тақвият бахшидани иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамоянд.

Инчунин дар рафти мизи мудаввар Коршиноси миллии Маркази тиҷорати байналмилалӣ- Қосим Қурбонов, Сардори шуъбаи ҳифзи растаниҳои Муассисаи давлатии “Ҳифзи растаниҳо ва кимиявикунонии бахши кишоварзӣ” Воҳидов Абдулманон, муовини сардори раёсати назорати бойторӣ ва зотпарварии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Авѓонов Абдуваҳоб, коршиносони Барномаи озуқавории СММ, Масъуда Саидова ва Толиб Ҳакимов оид ба ҷамбаҳои гуногуни истифодаи моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои биологӣ дар соҳаи чорводорӣ, растанипарварӣ ва меваву сабзавот ва танзими давлатии он баромад намуданд.

Қайд карда шуд, ки санади танзимсозандаи самти мазкур - “Номгӯи моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои биологӣ, ки истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст”, ҳанӯз 11 июни соли 2004 тасдиқ карда шуда буд. Бо назардошти талаботҳои имрӯза Вазорати кишоварзӣ ва коршиносон ба лоиҳаи номгӯи моддаҳои химиявӣ ва воситаҳои биологие, ки барои истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, 256 номгӯи нави пеститсидҳо ва воситаҳои биологиро пешниҳод намудааст.

Вобаста ба ин дар ҷаласаи ХХ Шӯрои машваратӣ аз ҷониби Раиси Шӯрои машваратӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати кишоварзӣ, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдор бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои татбиқи стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла “ГЛОБАЛ ГЭП”, “Номгӯи моддаҳои химиявие, ки истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст” дар таҳрири нав таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

Дар ин радиф, мувофиқи мақсад аст, ки санадҳо ва меъёрҳои зерқонунӣ дар самти танзими масъалаҳои воридот, истифода, бақайдгирӣ, ҳимоя, бехатарӣ, нигоҳдории заҳрхимикатҳо ва маводҳои кимиёвӣ таҷдиди назар гардида, тавсияҳо оид ба ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда таҳия карда шаванд.

Ҳамзамон масъалаҳои роҳандозии фаъолияти озмоишгоҳҳои лабараторӣ барои санҷиши таркиби маҳсулоти кишоварзӣ вобаста ба мавҷудияти моддаҳои кимиявӣ дар онҳо дар ҳамкории самаранок бо бахши давлатӣ, хусусӣ ва шарикони рушд баррасӣ гардида, дар доираи кори гурӯҳӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ итминон карда шуд, ки натиҷаҳои мизи мудаввар бо иштироки фаъоли бахши хусусӣ ва давлатӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои бақайдгирӣ, воридот ва истифодаи заҳрхимикатҳо дар соҳаи кишоварзӣ, мубодилаи таҷриба ва дониш дар соҳаи пешниҳоди хизматрасонӣ ба хоҷагиҳои фермерӣ ҷиҳати истифодаи заҳрхимикатҳо ва баланд бардоштани сифат ва дастрасии онҳо ва дар маҷмӯъ таҳия ва роҳандозӣ намудани усули ягона оид ба беҳтар намудани сиёсат ва идоракунии истифодаи заҳрхимикатҳо дар соҳаи кишоварзӣ назаррас хоҳад гардид.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид