21-03-2020

Ҷаласаи зергурӯҳ оид ба нишондиҳандаи «Ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ”–и Гурӯҳи кории байнидидоравӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ

Санаи 20 марти соли 2020 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасиву пайгирии ислоҳот ва мушкилоти мавҷуда ҷаласаи зергурӯҳ оид ба нишондиҳандаи «Ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ”–и Гурӯҳи кории байнидидоравӣ оид ба баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ доир гардид.

Ҷаласаро муовини раиси Кумита – Хуршедаи Қодир ифтитоҳ намуда, вобаста супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ бо мақсади соддагардонии расмиёти соҳибкорӣ ба вазорату идораҳо оид ба тақвият бахшидани корҳо ҷиҳати беҳтар намудани фазои мусоиди сармоягузорию соҳибкорӣ ва татбиқи саривақтӣ ва босифати Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои солҳои 2019-2022 аз 2 майи соли 2019, №223 таъкид гардида буданд, қайд намуд.

Сипас, дар доираи рӯзномаи ҷаласа раванди татбиқи ислоҳоти Ҳукумат дар доираи Нақшаи чорабиниҳои зикргардида оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои сармоягузорон ва такмили қонунгузории соҳавӣ ва гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии соҳибкорон ва аҳолӣ дар бораи дастовардҳои ислоҳот дар ин самт ва баррасӣ гардиданд.

Вобаста ба масъалаи зикргардида гузоришҳои намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бурихонов М. оид ба раванди таҳияи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи ҷамъияти саҳомӣ” ва “Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд”, коршиноси миллӣ оид ба масъалаҳои роҳандозии низоми корпоративӣ, директори ширкати машваратии “Имкон”, Самадова З. оид ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ба қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти ҷамъиятҳои саҳомӣ ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд ва мушовири калони иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратӣ, Мадҷонова М. оид ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои сармоягузорони миноритарӣ ва зарурияти такмили қонунгузории соҳавӣ дар ин самт шунида шудаанд.

Дар рафти муҳокимарониҳо намояндагони Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Кумитаи андоз ва Бонки миллӣ иштирок намуда, ҷиҳати рафъи мушкилотҳои мавҷуда таклифу пешниҳодҳо ба муҳокима манзур гардиданд.

Пас аз анҷоми муҳокимарониҳо ва мубодилаи афкор оид ба мушкилотҳои ҷойдошта масъалаи таъмини иштироки фаъоли вазорату идораҳо дар пурсиши арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар робита ба ин таъкид гардид, ки марҳалаи пурсиш аз ҷониби арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ оғоз гардидааст ва мақсади асосии иштирок дар пурсиш арзёбии натиҷаҳои ислоҳот, ошкор намудани мушкилоти мавҷуда дар раванди татбиқи ислоҳот ва инчунин баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи сармоягузории кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ барои ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти кишвар мебошад.

Дар фарҷом оид ба масъалаҳои баррасигашта ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар доираи таъмини татбиқи босифати Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои солҳои 2019-2022 қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид