Мизи мудаввар: баррасии масъалаҳои соҳаи саноати сабук
Дар ҳамкории Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Хуҷанд мизи муддавар таҳти унвони “Коркарди нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири ниҳоӣ - рушди соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дӯзандагӣ – самти афзалиятноки саноатикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони ассотсиатсияҳои соҳавӣ, роҳбарону мутахассисони корхонаҳои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии шаҳру ноҳияҳои кишвар, мақомоту идораҳои дахлдор, коршиносон иштирок намуданд.
Иштирокчиён масъалаҳои вобаста ба соҳа, мушкилоту монеаҳо ва бартараф намудани онҳо, мусоидат ба рушди соҳа ва саҳм гирифтан дар татбиқи ҳадафи стратегии чорум - саноатикунонии мамлакат ва дигар мавзӯъҳои муҳими соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки мутобиқи супориши протоколии ҷаласаи ХХ Шӯрои машваратӣ Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, масъалаҳо, таклифу пешниҳодоти мизи мудаввар дар таҳлили соҳа мусоидат хоҳад кард.