10-04-2020

Баргузории ҷаласаи гурӯҳи корӣ

Нимаи аввали имрӯз таҳти раёсати Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ, Файзуллозода З.Қ. ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуғаффорзода, аъзои гурӯҳи корӣ ва даъватшудагон иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ташкил ва фаъолияти гурӯҳи корӣ, муайян намудани бахшҳои афзалиятноки соҳаҳои саноат барои гузаронидани таҳлил ва омодасозии тавсияҳои мушаххас мариди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баромади худ, роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ Абдуғаффорзода Н. таваҷҷӯҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба масъалаҳои таҳкими раванди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ, пайгирӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷорӣ, мушкилоту монеаҳои мавҷудаи соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ қайд намуд.

Вобаста ба ин, аз намояндагони бахши хусусӣ хоҳиш карда шуд, ки бо дарки таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат ба масъалаҳои бахши хусусӣ дар раванди баррасӣ ва таҳлили вазъи соҳа, сохтор ва мундариҷаи ҳисоботи таҳлилӣ ва тавсияҳо, омода намудани пешниҳодот дар доираи фаъолияти гурӯҳи корӣ фаъолона иштирок намоянд.

Дар ҷаласа вобаста ба масъалаҳои ташкил ва фаъолияти гурӯҳи корӣ, муайян намудани бахшҳои афзалиятноки соҳаҳои саноат барои гузаронидани таҳлил ва омодасозии тавсияҳои мушаххас, зарурати мукаммал намудан ва пешниҳоди аъзои гурӯҳи корӣ ба сохтор ва мундариҷаи ҳисоботи таҳлилӣ, таъсиси котиботи гурӯҳи техникӣ, баргузории ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ таклифу пешниҳодот манзур гардида, супоришҳои дахлдор дода шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки 12 феврали соли 2019 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Пешвои миллат зимни таҳлили ҳамаҷонибаи раванди ислоҳот вобаста ба самтҳои муҳимтарини иқтисодиёт, аз ҷумла саноат ибрози назар намуда, ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супоришҳои дахлдор доданд.

Дар ин робита ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки якҷо бо Котиботи Шӯрои машваратӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, бо ҷалби шарикони рушд ва бахши хусусӣ барои таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа ва таҳияи тавсияҳои мушаххас вобаста ба он гурӯҳи корӣ таъсис дода, натиҷаҳои онро ба ҷаласаҳои навбатии Шӯрои машваратӣ манзур намоянд.

Ҷиҳати иҷрои супориши протоколии ҷаласаи ХХ Шӯрои машваратӣ, бо фармоиши Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи кории байниидоравӣ аз 8 апрели соли 2020 таъсис ёфтааст.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид