14-04-2020

Соддагардонии расмиёти бақайдгирӣ ва оғози фаъолияти соҳибкорӣ

Тавре иттилоъ дорем, Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи натиҷаҳои ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои олам арзёбӣ мекунад, дар соли 2020 мавқеи худро 20 зина боло бурда, ҷои 106-умро ишғол намуд ва ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардид.

Яке аз нишондиҳандаҳое, ки ба натиҷаҳои ҳисобот таъсири мусбӣ расонид, соддагардонии расмиёти бақайдгирӣ ва оғози фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар доираи низоми электронии ягона ба барномаи ба таври автоматӣ пешниҳод кардани рақами мушаххаси суғуртакунанда дар як вақт бо рақами мушаххаси андозсупоранда ва рамзи оморӣ ворид карда шуд. Ин имкон медиҳад, ки рақами мушаххаси суғуртакунанда дар доираи низоми «Равзанаи ягона» барои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ тибқи муҳлати дар қонунгузорӣ муқарраршуда (3-5 рўз) барои соҳибкорон пешниҳод карда мешавад.

Тибқи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” таҳия, аз 2 январи соли 2020 тамоми расмиёти бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ройгон анҷом дода мешавад. Пас аз қабули қонунҳои мазкур, (аз 8 январ то инҷониб) зиёда аз 2600 субъектҳои соҳибкорӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки аз 1 январи соли 2018 дар сомонаи Кумитаи андоз модули алоҳидаи хизматрасонӣ мавриди амал қарор гирифт. Ин имкон медиҳад, ки муроҷиаткунандагон бе ташриф овардан ба мақомоти андоз ариза ва ҳуҷҷатҳояшонро барои бақайдгирии давлатӣ ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд. То 1 марти соли 2020 зиёда аз 14530 нафар шаҳрвандон барои анҷом додани амалҳои бақайдгирии давлатӣ (таъсисёбӣ, ворид намудани тағйирот ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ғайра) ба тариқи электронӣ муроҷиат намудаанд.

Ба иттилои хонандагон мерасонем, ки нашри натиҷаҳои нишондиҳандаҳои дигари ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” дар сомонаи Шўро идома меёбад.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид