14-08-2020

Сафари ҳайати корӣ ба минтақаҳо

Тавре маълум аст, вобаста ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 5 июни соли 2020,№1544 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2020 №401 ҷиҳати татбиқи фармони мазкур, инчунин таҳкими майдони муколамаи давлат ва бахши хусусии маҳаллӣ ба вилоят ва минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳайати кории байниидоравӣ ҷиҳати мулоқот бо соҳибкорони ҷумҳурӣ сафарбар карда шуд.

Аз ҷумла, мулоқотҳо санаи 28 июли соли 2020 дар шаҳри Кӯлоб, 30 июли соли 2020 дар шаҳри Бохтар, 5 ва 6 август дар шаҳри Хуҷанд, 7 август дар шаҳри Истаравшан, 11 август дар ноҳияи Рашт ва 14 август дар шаҳри Душанбе анҷом дода шуд. Дар ин вохӯриҳо намояндагони бахши хусусӣ, котибони масъули шуроҳои машваратӣ оид ба рушди соҳибкориву сармоягузории вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои мазкур ва водии Рашт иштирок намуданд.

Дар мулоқотҳо тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла дар шароити сироятии COVID-19, натиҷаҳои ислоҳоти самти соҳибкорию сармоягузорӣ, аз ҷумла дар доираи ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ муаррифӣ гардида, ҳамзамон рафти иҷрои супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар самти таҳкими майдони муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар минтақаҳо, фаъоляти шӯроҳои маҳаллӣ оид ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, арзёбӣ (рейтинг)-и фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқотҳо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» оид ба ваколатҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва самтҳои он (моддаҳои 17 ва 19), бандҳои мушаххаси супоришҳои Шӯро ва дигар ҷанбаҳои самти мазкур мулоҳизаҳо баён гардиданд.

Дар мулоқотҳо намояндагони бахши хусусӣ оид ба як қатор масъала, мушкилоту монеаҳо мулоҳизаҳо баён намуда, ба саволу дархостҳояшон аз тарафи ҳайати гуруҳи корӣ, бахусус намояндагони вазорати молия, кумитаи андоз, котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва МД “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”- и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон посухҳо дода шуда, баррасии як қатор пешниҳодот аз ҷониби онҳо қайд гардид. Мулоҳизаҳо ва пешниҳодоти дар рафти мулоқотҳо манзургардида тибқи тартиб мавриди пайгирӣ қарор дода хоҳад шуд.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид