30-10-2020
Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Қатори мошинҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ёд кардани савганд аз Қасри Миллат ҷониби Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат намуданд.
Дар ин вақт Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби афсарону сарбозони Горди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки либосҳои идонаи низомӣ ва шамшерҳои аз ниём кашида доштанд, ба толор зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ворид карда шуд.
Дар болои шоҳсуфа Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби рост ва аз ҷониби чап Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи рангҳо ва андозааш монанди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар маркази он тасвири Дирафши Ковиён омадааст, ки он нишони хос ва босуботи давлатдории миллӣ аз даврони қадим аст.
Дар қисми болоии Дирафши Ковиён найза тасвир ёфтааст, ки рамзи ирода ва қудрати ҳифзи давлат мебошад.
Қисмати чаҳоргонаи Дирафши Ковиён - чаҳор тарафи ҷаҳонро таҷассум мекунад, ки рамзи равобити нек, дустӣ ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои олам аст.
Дар дохили Дирафши Ковиён - чаҳор шохаи марғула дар даври хуршед ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, даври замин ва аносири коинот дар атрофи хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошанд.
Дар маркази Дирафши Ковиён шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи давлат дар заминаи осмони кабуд тасвир ёфтааст.
Дар болои тасвири шери болдор тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтаанд.
Дирафши Ковиён бо ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳарду ҷониби Ливо дастдӯзӣ гаштааст.
Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбази зарринро дорад.
Сипас, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сипоҳиёни Горди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери оҳанги мутантани фахрӣ ва марши махсус ба толор ворид карда шуда, дар паҳлӯи рости минбар гузошта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба назди Кохи Сомон расида, ба толори тантанаҳо раҳсипор гардиданд.
Дар ду ҷониби роҳрав аз даромадгоҳи бино сар карда, то даромадгоҳи толор сипоҳиёни Қаровули фахрӣ саф кашидаанд.
Аз ҷониби чапи даромадгоҳи толор оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамсароён ҷой гирифтаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба толори тантанаҳои савгандёдкунӣ зери оҳанги мутантан ва марши ифтихорӣ ворид шуданд.