10-12-2020

Таъсиси бизнес-инкубатор дар водии Рашт

Дар доираи фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт бо дастгирии Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва бо Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон соли 2020 новобаста аз паҳншавии пандемияи “Covid-19” як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардид.

Дар ин замина дар доираи баргузории ҷаласаи 6-уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт аз санаи 2 октябри соли 2020, Маркази иттилоотӣ ва машваратии соҳибкории ҷавонон ифтитоҳ ёфта, ба Ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии фермерии “Самар”-и ноҳияи Лахш мотоблокҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд. Ҳадафи асосӣ аз амалисозии лоиҳаҳои мазкур, таъсиси ҷойҳои корӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии соҳибкорӣ ва рушди кишоварзӣ барои ҷавонон ба ҳисоб меравад.

Инчунин, дар асоси Шартномаи БРСММ аз 3 сентябри соли 2020 бо Ҷамъияти байналмилалии “Сурхоб” пас аз таъмири бино ва таъмин бо таҷҳизот бо иштироки роҳбарияти ноҳияи Нуробод “Бизнес-инкубтори Нуробод” ба фаъолият шуруъ намуда, 15 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Дар чорчубаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид «Баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми деҳоти 9 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз тарафи ташкилоти Байналмилалии “Сурхоб” дар ноҳияҳои дигари водӣ, аз ҷумла Рашт, Тоҷикобод ва Лахш низ як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардидаанд.

Тибқи протоколи ҷаласаи 6-уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт ба шарикони рушд тавсия дода шудааст, ки бо мақсади ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои беҳтари рушд дар ин ноҳияҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ – водии Рашт дар татбиқи лоиҳаҳои самтҳои гуногун бештар иқдом намоянд.

Дар ин робита ҳамкориҳо бо шарикони рушд, бахусус Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон дар самти бунёди коргоҳу таъмини ҷойҳои корӣ, гузаронидани таҳлилҳои самти соҳибкорию сармоягузорӣ дар водӣ идома ёфта, бахши хусусии водӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои водии Рашт дар ин самт саҳмгузор хоҳанд гардид.

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид