12-05-2021

Мулоқоти маҷозии Гуруҳи кории рушди бахши хусусии Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд

Рӯзи 12 майи соли 2021 мулоқоти маҷозии Гуруҳи кории рушди бахши хусусии Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд баргузор гардида. Дар кори ҷаласаи мазкур аъзои гуруҳи корӣ аз ҳисоби шарикони рушд ва намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.

Тибқи рӯзнома, ҷаласаро муовини Роҳбари Намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон, ҷаноби Кристофорс Политис оғоз намуда, вобаста ба нақши шарикони рушд дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ сухан кард.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, муовини сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пирумшо Вализода оид ба Лоиҳаи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ муаррифнома манзур намуд. Аз ҷумла, вобаста ба мақсад, ҳадаф, бандҳои Барнома, натиҷаҳои бадастомада, нақшаҳо ва ҳадафҳо вобаста ба рушди бахши хусусӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешбурд ва тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа, Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Нуъмон Абдуғаффорзода муаррифнома оид ба фаъолияти Шӯро ва ислоҳоти татбиқшуда дар доираи фаъолияти он манзури иштирокчиёни ҷаласа гардид. Дар муаррифнома вобаста ба дастовардҳои фаъолияти Шӯро дар соли 2020, аз ҷумла ислоҳоти татбиқшуда дар бахши андозу гумрук, кишоварзӣ ва тиҷорати аграрӣ, муосиргардонии хизматрасониҳои соҳибкорону сармоягузорон, бахши ҳунармандӣ, беҳтар кардани нишондиҳандаҳои кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ ва самтҳои афзалиятнок дар соли 2021 маълумот пешниҳод гардид.

Дар муаррифнома аз ҷумла ислоҳоти зерин қайд гардид:

- соддаву ройгон ба роҳ мондани бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар низоми “Равзанаи ягона”-и мақомоти андоз, ки ба боз ҳам осон ва камхарҷ шудани оғози фаъолияти соҳибкорӣ, афзоиши шумораи соҳибкорон ва дар маҷмўъ фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ мусоидат мекунад,(қаблан ин расмиёт наздики 1500 сомониро ташкил мекард);

- шахсони воқеӣ тибқи номгўи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, аз 1 январи соли 2020 дар мақомоти андоз ба сифати соҳибкори инфиродӣ ройгон ба қайди давлатӣ гирифта шуда, аз пардохти андозҳо озод гардиданд;

- ташкили низомҳои “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ;

- Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қабул қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои фармони мазкур бо мақсади дастгирии соҳибкорон дар шароити паҳншавии падениями коронавирус.

Ҳамчунин, масъалаҳои дар Паёми навбатии Президенти мамлакат қайд карда шуд, аз қабили:

- супориш ба вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо оид ба бартараф намудани омилҳои субъективӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, бахусус ҷорӣ кардани расмиёти электронии баррасӣ ва пешниҳоди иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ;

- тадбирҳо дар самти минбаъд ба роҳ мондани барасмиятдарории фаъолияти сармоягузорӣ тавассути пурра роҳандозӣ намудани низоми электрониву рақамӣ ва фаъолияти марказҳои хизматрасониҳо ба соҳибкорону сармоягузорон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар;

- дар назар доштани таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина тақвият бахшидан ба раванди рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва татбиқи “ҳукумати электронӣ”;

- бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисоди миллӣ соли равон дар ҷумҳурӣ гузаронидани авф бинобар қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо;

- таҳия ва қабули Кодекси нави андоз, бо назардошти дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоя, хусусан сармояи мустақим, истеҳсоли маҳсулоти рақобатнок дар дохили мамлакат, коҳиш додани вобастагӣ аз воридот, зиёд шудани шумораи соҳибкорон, таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар ин замина ғанӣ гардидани буҷети давлат ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум;

- бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзон ва таъмини фаровони бозори истеъмолӣ, аз пардохти андози ягонаи замин озод кардани тамоми кишоварзони мамлакат дар соли 2021.

Инчунин, аз ҷониби намояндаи шарикони рушд вобаста ба ташаббусҳо ва нақшаҳои шарикони рушд ҷиҳати рушди бахши хусусӣ гузориш манзур карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ, миёни иштирокчиёни ҷаласаи корӣ мубодилаи афкор ва бахши саволу ҷавоб сурат гирифт. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид