12-05-2021

Ҷаласаи гуруҳи кории рушди бахши хусусии Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд

Санаи 12 майи соли 2021 ҷаласаи навбатии Гуруҳи кории рушди бахши хусусии Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд ба таври маҷозӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои гуруҳи корӣ аз ҳисоби шарикони рушд ва намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.

Тибқи рӯзнома, ҷаласаро муовини Роҳбари Намояндагии БРСММ дар Тоҷикистон, Кристофорс Политис оғоз намуда, вобаста ба нақши шарикони рушд дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ сухан кард.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа, намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ барои солҳои то 2030 муаррифнома манзур намуд. Аз ҷумла, вобаста ба мақсад, ҳадаф, бандҳои Барнома, натиҷаҳои бадастомада дар самти рушди бахши хусусӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати пешбурд ва тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа, аз ҷониби Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муаррифнома оид ба фаъолияти Шӯро ва ислоҳоти татбиқшуда дар доираи фаъолияти он манзури иштирокчиёни ҷаласа гардид. Дар муаррифнома вобаста ба дастовардҳои фаъолияти Шӯро дар соли 2020-2021, аз ҷумла ислоҳоти татбиқшуда дар бахши андозу гумрук, кишоварзӣ ва тиҷорати аграрӣ, муосиргардонии хизматрасониҳои соҳибкорону сармоягузорон, бахши ҳунармандӣ, беҳтар кардани нишондиҳандаҳои кишвар дар арзёбиҳои байналмилалӣ ва самтҳои афзалиятнок дар соли 2021 маълумот пешниҳод гардид.

Аз ҷумла қайд гардид, ки бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар низоми “Равзанаи ягона”-и мақомоти андоз, соддаву ройгон ба роҳ монда шуда, ба боз ҳам осон ва камхарҷ шудани оғози фаъолияти соҳибкорӣ, афзоиши шумораи соҳибкорон ва дар маҷмӯъ фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ мусоидат намуд (қаблан ин расмиёт наздики 1500 сомониро ташкил мекард).

Шахсони воқеӣ тибқи номгӯи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона, аз 1 январи соли 2020 дар мақомоти андоз ба сифати соҳибкори инфиродӣ ройгон ба қайди давлатӣ гирифта шуда, аз пардохти андозҳо озод гардиданд.

Низомҳои “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ, барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ (www.memori.tj), пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ (www.dges.tj), бақайдгирии амволи ғайриманқул (www.baqaydgiri.tj) ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ фаъолияти соҳибкоронро камхарҷу сабук гардонид.

Дар баробари ин, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои фармони мазкур бо мақсади дастгирии соҳибкорон дар шароити паҳншавии падениями коронавирус ба тасвиб расида, дар асоси он соҳибкорону сармоягузорон дар давраи пандемия аз имтиёзҳо ва шароитҳои мусоид баҳравар шуданд.

Инчунин, аз ҷониби намояндаи шарикони рушд вобаста ба ташаббусҳо ва нақшаҳои шарикони рушд ҷиҳати рушди бахши хусусӣ гузориш манзур карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ, миёни иштирокчиёни ҷаласаи корӣ мубодилаи афкор ва бахши саволу ҷавоб сурат гирифт. 

Бозгашт ба рӯйхат

Манбаъҳои муфид